«Истиқлол» ба даври минбаъдаи Ҷоми КФО-2017 роҳ ёфт

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 гардида, ба марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавӣ роҳ ёфт. Бино ба иттилои ФФТ, дар вохӯрии охирин дар гурӯҳи «D» футболбозони «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бар дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 90+2 Дилшод Восиев […]

Asia-Plus

Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 гардида, ба марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавӣ роҳ ёфт.

Бино ба иттилои ФФТ, дар вохӯрии охирин дар гурӯҳи «D» футболбозони «Истиқлол» дар Варзишгоҳи марказии пойтахт бар дастаи «Олтин Асир»-и Туркманистон бо ҳисоби 1 бар 0 дастболо шуданд. Тӯби ягонаро дар дақиқаи 90+2 Дилшод Восиев ба ҳадаф расонид.

Ҳамин тариқ, бо касби 16 имтиёз дастаи «Истиқлол» дар гурӯҳи «D» зинаи аввалро ишғол намуда, 5 ғалаба ба даст овард ва танҳо як бозиро мусовӣ анҷом дод.

Дар марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавии Ҷоми КФО тимҳои Бенгалуру» (Ҳиндустон), «25 апрел» (Кореяи Шимолӣ) ё ғолиби ҷуфти «Хоум Юнайтед» (Сингапур) – «Серес» (Филиппин) ҳарифи дастаи «Истиқлол» шуда метавонанд.

Маросими қуръапартоии марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавии Ҷоми КФО-2017 рӯзи 6 июн дар пойтахти Малайзия – шаҳри Куала-Лумпур доир гардида, бозиҳои аввали ин марҳила рӯзҳои 22-23 август ва вохӯриҳои ҷавобӣ рӯзҳои 12-13 сентябр баргузор мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.