«Истиқлол» беҳтарин дастаи даври гурӯҳии Ҷоми КФО

Date:

Қаҳрамони панҷкаратаи футболи Тоҷикистон – дастаи «Истиқлол»-и пойтахт миёни тимҳои иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 аз ҳама бештар имтиёз ба даст овард. Дар ин бора сомонаи расмии дастаи «Истиқлол» хабар медиҳад.

Дар гурӯҳи «D»-и даври гурӯҳии Ҷоми КФО-2017 тими «Истиқлол» зинаи аввалро ишғол намуд. Дастаи Муҳсин Муҳаммадиев панҷ ғалаба ба даст оварда, танҳо як бозиро мусовӣ анҷом дод ва аз тими «Олтин Асир»-и Туркманистон, ки дар зинаи дуюми ҷадвал қарор дорад, се имтиёз зиёдтар касб кард.

Миёни ҳамаи 34 тими иштирокчии даври гурӯҳии Ҷоми КФО «Истиқлол» аз ҳама бештар – 16 имтиёз касб карда, зинаи дуюми рейтинги шартиро бо касби 15 имтиёз дастаи «Глобал» (Филиппин) ишғол намуд.

Ёдрас мекунем, ки дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе ғолиби Минтақаи марказии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё (КФО)-2017 гардида, ба марҳилаи ниманиҳоии интернатсионалии минтақавӣ роҳ ёфт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Муҳаммад Юнусов дар мусобиқаи байнулмилалии шатранҷ дар Будапешт пирӯз шуд

Шатранҷбози тоҷик Муҳаммад Юнусов дар ҷашнвораи байнулмилалии SixDays Budapest February...

“Ситораи дар ҳоли тулӯъ”. Муҳиддин Асадуллоев аз Порис бо медали биринҷӣ ва як ҷоиза бармегардад

Муҳиддин Асадуллоев, ҷудокори ҷавон ва хушноми тоҷик аз мусобиқоти...

Нарзулло Латифов: “Соҳаи варзиш дар Тоҷикистон ба сохтори алоҳидаи идоракунӣ ниёз дорад”

Раиси Ассотсиатсияи журналистони риштаи варзиши Тоҷикистон Нарзулло Латифов зимни...

“Шароит нест”. Чаро варзишгарони тоҷик ба Олимпиадаи замистонаи 2026 роҳ наёфтанд?

Зулфиқор Гулаҳмадзода, раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиш дар посух...