Рустами Эмомалӣ пулҷамъкунӣ аз волидон барои таъмиру мактабу кӯдакистонҳоро манъ кард

Date:

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дастур дод, ки мактабҳои тахсилоти миёнаи умумӣ ва муассисаҳои томактабӣ аз ҳисоби буҷети ноҳияҳо таъмир карда шаванд.

Аз мақомоти шаҳрдории пойтахт ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дастури манъи ҷамъоварии маблағ аз падару модарон барои таъмири мактаб ва кӯдакистонҳо ба Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе фиристода шуда, ба раисони чор ноҳияи шаҳр низ дар ин хусус мактуби дахлдор ирсол гардидааст.

«Ин дастур ба пешгирии падидаҳои коррупсионӣ, ғайриқонунӣ ҷамъоварии маблағ барои таъмири мактабу муасисаҳои томактабӣ равона шудааст, – гуфт манбаъ. – Дар бораи корҳои иҷрошуда дар робита ба ин дастур раисони ноҳияҳо бояд то 1 август ҳисобот диҳанд».

Зимнан зикр гардид, ки айни замон намояндагони мақомоти шаҳрдорӣ ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳияти дастур бо омӯзгорону волидони хонандагону тарбиятгирандагони кӯдакистонҳо вохӯриҳо мегузаронанд.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...