Медали нуқраи Дилшод Назаров дар мусобиқаи Олмон

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон гурзро ба дурии 77 метру 11 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд. Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар Ҳалле Павел Фаҷдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр ғолиб шуд. Ник […]

Радиои Озодӣ

Дилшод Назаров, варзишгари маъруфи тоҷик, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар шаҳри Ҳаллеи Олмон гурзро ба дурии 77 метру 11 сантиметр ҳаво дода, мақоми дувумро касб кард ва соҳиби медали нуқра шуд.

Бино ба иттилои Радиои Озодӣ, дар мусобиқаи ҷаҳонии гурзандозӣ дар Ҳалле Павел Фаҷдек аз Лаҳистон бо натиҷаи 82 метру 31 сантиметр ғолиб шуд. Ник Миллер аз Бритониё бо натиҷаи 76 метру 81 сантиметр ҷойи севумро гирифт.

Ин мусобиқа барои Дилшод Назаров пеш аз ширкат дар мусобиқоти ҷаҳонӣ аз силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” як навъ санҷиш буд. Нахустин даври ин мусобиқот имсол дар Пекини Чин баргузор шуд. Даврҳои минбаъда дар Ҷопон ва Бразилия барпо мегарданд. Даври ниҳоии силсилаи “IAAF Hammer Throw Challenge” рӯзи 29-уми август дар Загреби Хорватия баргузор хоҳад шуд.

Ёдовар мешавем, Дилшод Назаров соли гузашта дар панҷ даври мусобиқоти ҷаҳонӣ ширкат карда, бо 236.37 имтиёз дар феҳристи зӯртарин гурзандозҳои ҷаҳон мақоми дувумро касб намуд. Соли гузашта ӯ дар Бозиҳои XXXI тобистонаи олимпӣ дар шаҳри Рио-де-Жанейрои Бразилия гурзро ба масофаи 78 метру 68 сантиметр ҳаво дод ва бо медали тилло сарфароз гашт. Вай барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон дар соли 2015 дар шаҳри Пекини Чин мебошад.

“Мусобиқаи асосии имсола қаҳрамонии ҷаҳон аст, ки рӯзҳои 4-13 август дар Лондон баргузор мешавад. Ман Тоҷикистонро намояндагӣ мекунам. Кӯшиш менамоям, ки медал ба даст биёрам. Дар варзиш пешгӯӣ кардан мушкил аст, аммо умедворам, ки муваффақ мешавам”, – гуфт Дилшод Назаров.

Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқоти имсола ҳоло Дилшод Назаров бо 77,11 метр дар даҳгонаи беҳтарин дар ҷойи нӯҳум аст. Дар се ҷойгоҳи аввал Павел Фаҷдек (Лаҳистон, 82,31 м), Войтсех Новитски (Лаҳистон, 78,54 м) ва Павел Барейша (Булғористон, 78,04 м) дохиланд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.