Хонаи ақди никоҳи Душанбе ё худ бинои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ (САҲШ)-и пойтахт акнун дар дар қаср, балки дар бинои начандон бузурги якошёна дар маҷмаии “Наврӯзгоҳ” ҷойгир аст. Хонаи ақди никоҳ ҳанӯз се моҳ пеш аз Маркази ҷавонон кӯчонида шуда буд.
Кӯчонида шудани Хонаи ақди никоҳ аз Маркази ҷавонон ба маҷмааи “Наврӯзгоҳ” бо қарори раиси пойтахт Рустами Эмомалӣ сурат гирифтааст.
То кӯчонида шудан беш аз 10 сол Хонаи ақди никоҳи Душанбе дар Маркази равобити кории пойтахт, рӯ ба рӯи Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон, дар кӯчаи Мирзо Турсунзода ҷойгир шуда буд. Дар ин роҳ бисёр вақт бинобар сабаби зиёд будани автомашинаҳои тӯй тамбашавии якчандкилометрии воситаҳои нақлиёт ба вуҷуд меомад.

Моҳи апрел раиси пойтахт дар бораи ба Маркази ҷавонон табдили ном кардани Маркази равобити пойтахт қарор содир намуда, дастур дод, ки Хонаи ақди никоҳ аз ин бино кӯчонида шавад.
Ҳозира бинои Маркази ҷавонон моҳи майи соли 2008 мавриди истифода қарор гирифта, дар маросими ифтитоҳи бинои чорошёна зикр гардида буд, ки ба ҷуз Хонаи ақди никоҳ, дар ин ҷо Раёсати ҷавонон, Кумитаи кор бо занон, Маркази банақшагирии оила, Осорхонаи таърихи ҷавонони Душанбе, Маркази инетернет, фурӯшгоҳи ҷиҳози тӯй, мағоза барои навхонадорон ва толор барои баргузор намудани ҷашнҳои арӯсӣ низ ҷойгир хоҳад шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.




