Тоҷикистон ба Ҷоми ҷаҳон оид ба гуштии камарбандӣ соҳиб шуд

Дастаи мунтахаби гуштии камарбандӣ (кураш)-и Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Оренбурги Русия зинаи аввалро ишғол намуда, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард. Ду гуштигир – Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа шарафёб гардиданд. Самандар Эрназаров (вазни […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

Дастаи мунтахаби гуштии камарбандӣ (кураш)-и Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон дар шаҳри Оренбурги Русия зинаи аввалро ишғол намуда, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа 54 имтиёз ба даст овард.

Ду гуштигир – Муҳаммадғуфрон Тошзода дар вазни то 68 кило ва Достон Почоев дар вазни то 90 кило ба дарёфти медалҳои тиллои мусобиқа шарафёб гардиданд.

Самандар Эрназаров (вазни беш аз 100 кг), Абдураҳмон Маматқулов (то 100 кг), Сафаров Рӯзибой (то 82 кг) ва Абӯэҳсон Ашӯрзода (то 75 кг) медалҳои биринҷӣ ба даст оварданд.

Тавре раиси Федератсияи гуштии камарбандии Тоҷикистон Анвар Қосимов хабар дод, ҳайати мунтахаби Тоҷикистон аз 8 варзишгар, мураббӣ ва ду довар борат буд.

«Дар ҳисоби умумидаставӣ Тоҷикистон бори нахуст дар таърихи худ зинаи аввали Ҷоми гуштии камарбандии ҷаҳонро ишғол намуд, – қайд кард ӯ. – Акнун варзишгарони мо ба ду мусобиқаи пурнфузи дигар – чемпионати ҷаҳон, ки моҳи июл дар Қазокистон доир мегардад ва Бозиҳои 5-уми Осиё дар биноҳо (17-27 сентябр) омодагӣ мегиранд».

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст