Эҳтиёт бошед, обуҳаво беҳад гарм мешавад!

Дар Тоҷикистон имрӯз ва се рӯзи минбаъда обуҳаво беҳад гарм шуда,обуҳавошиносон ҳарорати хеле баландтар аз меъёрро пешгӯӣ мекунанд. Дар водиҳои вилояти Хатлон обуҳаво то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳарорат то ба 42 дараҷа гармӣ мерасад. Дар […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон имрӯз ва се рӯзи минбаъда обуҳаво беҳад гарм шуда,обуҳавошиносон ҳарорати хеле баландтар аз меъёрро пешгӯӣ мекунанд.

Дар водиҳои вилояти Хатлон обуҳаво то 45 дараҷа ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ то 39 дараҷа гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд ва ноҳияҳои тобеи марказ, аз ҷумла дар шаҳри Душанбе ҳарорат то ба 42 дараҷа гармӣ мерасад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳи навоҳии тобеи марказ ва ноҳияҳои ғарбии ВМК то 35 дараҷа гармӣ дар назар аст.

Агентии обуҳавошиносии ҷумҳурӣ огоҳ мекунад, ки дар натиҷаи гармии беҳад дар дарёҳои кишвар болоравии сатҳи об ва мутаносибан обхезӣ ва шусташавии соҳилҳо аз эҳтимол дур нест. Дар ноҳияҳои кӯҳистони ВМКБ, Лахш (Ҷиргатол) ва Рашт селфароиҳо имкон дорад.

Дар ин шароити обуҳаво пешниҳоди якчанд тавсияҳоро аз манфиат холӣ намедонем:

– ҳарчи камтар кардани гаштугузор дар берун ва иҷрои корҳои ҷисмонӣ;

– зимни дар дохили бино қарор доштан, шамолрав будани онҳоро таъмин намуда, тирезаҳоро мебояд боз дошт ва мувофиқи имконият, иловатан таҷҳизоти ҳавосардкунро ба кор овардан зарур аст;

– ҳангоми гаштугузор дар кӯча ба бар кардани сарулибоси сабук аз матоъҳои аслӣ (ғайрисунъӣ) бо гиребони кушод, истифода аз ягон навъи сарпӯш (кулоҳ), айнакҳои аз шуъои офтоб ҳимоякунанда ва чатрҳо;

– барои пешгирии беоб мондани ҷисм истеъмоли миқдори зиёди моеъҳо  ва худдорӣ варзидан аз нӯшидани нӯшокиҳои газдор ва моеъҳои таркибашон дорои миқдори зиёди қанд ва ҳамчунин нӯшокиҳои энергетикиву машрубот;

– мувофиқи имкон маҳдуд кардани ҳаракат ва равуо бо нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ, истифодаи онҳо вақти субҳ ё шомгоҳон замони поинравии ҳарорат;

– зимни ба мағозаву кинотеатр ва дигар иншооти иҷтимоиву фарҳангӣ рафтан, ба иншооти дорои таҷҳизоти ҳавософкун афзалият дода шавад;

– кӯдаконро дар дохили нақлиёте, ки дар таваққуфгоҳҳо гузошта мешаванд, бидуни назорат нагузоштан.

Ғайр аз ин, доир ба чӣ гуна кумак расонидан ба афроди аз шуоъҳои офтоб ё гармӣ осебдида дар инфографикаи мо шинос шуда метавонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.