Путин: «Пулро бо худ ба гӯр бурдан намешавад»

Президенти Русия Владимир Путин дар посух ба савол доир ба дороиҳояш изҳор дошт, ки ӯ «ин қадар боигарие надорад, ки дар борааш мегӯянд». Хабаргузории ТАСС менависад, ӯ ба гуфтаҳои коргардон Оливер Стоун роҷеъ ба доротарин шахси ҷаҳон номида шуданаш чунин посух додааст. Намоиши қисмати охирини филми мустанади чорқисмата дар бораи Путин рӯзи панҷшанбе дар шабакаи […]

Asia-Plus

Президенти Русия Владимир Путин дар посух ба савол доир ба дороиҳояш изҳор дошт, ки ӯ «ин қадар боигарие надорад, ки дар борааш мегӯянд».

Хабаргузории ТАСС менависад, ӯ ба гуфтаҳои коргардон Оливер Стоун роҷеъ ба доротарин шахси ҷаҳон номида шуданаш чунин посух додааст. Намоиши қисмати охирини филми мустанади чорқисмата дар бораи Путин рӯзи панҷшанбе дар шабакаи телевизиони кабелии Showtime баргузор шуд.

Президенти Русия маълумотҳои дар Кипр суратҳисоб доштанашро як ҳарзае беш надониста, изҳор намуд, ки агар чунин суратҳисобҳо вуҷуд мелдоштанд, онҳоро кайҳо расонаиву пешниҳод мекарданд.

«Нисбат ба касоне, ки дар суратҳисобҳояшон пули зиёд доранд, худи шумо бештар шахси бойтаред, зеро ақидаи мусатқил, қобилият ва имкони пас аз худ нақши назаррас гузоштан доред, – гуфт ӯ ба журналист. – Пул чунин хушбахтӣ намеорад, онро бо худ ба гӯр бурдан намешавад».

Қобили зикр аст, ки васоити ахбори умуми Ғарб дороиҳои Путинро аз 40 то 200 млрд. доллар арзёбӣ мекунанд. Хабаргузории Медуза қайд мекунад, ки даромади расмии Владимир Путин якчанд миллион рубл дар як сол (соли 2016 – 8,8 млн. рубл) аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.