ВКД: Аз вируси тахрибкори «Petya» эҳтиёт бошед!

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки дар шабакаи интернет боз як вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст. Дар маълумоти дар ин робита интишоргардидаи Вазорат қайд мешавад, ки тарзи паҳнкунии он дар шабакаи интернетӣ ба монанди вируси «WannaCry» мебошад. Гуфта мешавад, усули ҳифзи аз ҳама оддитарин аз вируси «Petya» ва дигар вирусҳои […]

Asia-Plus

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷумҳуриро огоҳ мекунад, ки дар шабакаи интернет боз як вируси тахрибкор бо номи «Petya» паҳн гардидааст.

Дар маълумоти дар ин робита интишоргардидаи Вазорат қайд мешавад, ки тарзи паҳнкунии он дар шабакаи интернетӣ ба монанди вируси «WannaCry» мебошад.

Гуфта мешавад, усули ҳифзи аз ҳама оддитарин аз вируси «Petya» ва дигар вирусҳои ҳаммонанд – ҷавоб надодан ва накушодани мактубҳои шубҳанок аз ҷониби шахсони ношинос буда, дар ҳолати пайдо шудани чунин мактуб фавран онро тоза (удалить) кардан зарур аст.

Дастур дода мешавад, ки «Бодиққат бошед, windows ва таъмини барномаҳои зиддивирусиро (антивирусное ПО) навсозӣ намоед!».

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммадӣ Ибодуллоев, раҳбари Бунёди ҷамъиятии ташаббуси шаҳрвандӣ ва сиёсати Интернет дар Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфтааст, онҳо ҳам ҳоло ягон иттилое дар бораи зарари ин вирус ба компютерҳо дар Тоҷикистон надоранд, аммо ҳанӯз аз шоми 27 июн тамоми ширкатҳоро аз хатари таҳдиди ин вирус огоҳ карда будаанд. 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.