Сӯхтор дар меҳмонхонаи Қӯрғонтеппаро 10 дастаи оташнишонӣ хомӯш кард

Date:

Дар меҳмонхонаи “Сайри Орзу”-и шаҳри Қурғонтеппа, воқеъ дар кӯчаи Умари Хайём нимаи имрӯз сӯхтор сар зада, онро дастаи оташнишонии шаҳр ва ноҳияи наздик ба марказ хомӯш карданд. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Аз Раёсатти оташнишонии вилояти Хатлон ба “Азия-Плюс” хабар доданд, ки ба онҳо дар бораи сӯхтор 11:40 хабар расида, дарҳол 10 дастаи оташнишонӣ, 3 мошини сӯхторхомӯшкунии қисми оташнишонии шаҳр, 2 дастаи оташнишонони Бохтар, 2 мошини қисми оташнишонӣ, воқеъ дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф” ва 1-тогӣ дастаи оташнишонон аз ноҳияҳои Вахшу Сарбанд ва бозори “Фаровон” ба маҳалли ҳодиса сафарбар шудаанд.

Ба иттилои манбаъ, ба оташнишонон муяссар шудааст, ки паҳншавии алангаи оташро пешгирӣ намоянд, то ки он ба биноҳои наздик ва гирду атроф нагузарад.

Сӯхтор дар бинои асосии меҳмонхона рух дода, он замон дар он меҳмонон набудаанд. Сӯхтор боми меҳмонхонаро пурра нобуд карда, айни замон мутахассисон дар ҷойи ҳодиса машғули коранд. Онҳо сабабҳои сар задани сӯҳтор ва ҳаҷми зиёни расидаро муайян мекунанд.

Навори видео аз ҷониби корбари сомона Тимур Анҷиров фиристода шудааст.

МЕДИА (YOUTUBE)

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...