Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Date:

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистонро марзҳои муштарак, истифодаи умуми ҳавзаи дарёҳо ва инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт ба ҳам пайваста, барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо шароити мусоид ва имконятҳои фаровон муҳайё мебошад.

Ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии хатҳои барқи баланшиддати КАСА-1000 муҳим ва барои тамоми минтақа манфиатбор арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат дар заминаи ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар комиссияву зеркомиссияҳои танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии роҳҳои оҳан ва лулаҳои газ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои ҳамсоядавлатҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.

Мавзуи дигари суҳбати пурмуҳтавои ҷонибҳо мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир буд.

ИЗОБРАЖЕНИЕ

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related