Баррасии вазъ ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистонро марзҳои муштарак, истифодаи умуми ҳавзаи дарёҳо ва инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт ба ҳам пайваста, барои рушду тавсеаи минбаъдаи […]

Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ

Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жеенбеков мулоқот намуда, зимни вохӯрӣ вазъ ва дурнамои муносибатҳои байниҳукуматии кишварҳо мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, таъкид гардид, ки Тоҷикистону Қирғизистонро марзҳои муштарак, истифодаи умуми ҳавзаи дарёҳо ва инфрасохтори зарурии роҳу нақлиёт ба ҳам пайваста, барои рушду тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо шароити мусоид ва имконятҳои фаровон муҳайё мебошад.

Ҳамкории ду давлати ҳамсоя дар доираи татбиқи лоиҳаи минтақавии хатҳои барқи баланшиддати КАСА-1000 муҳим ва барои тамоми минтақа манфиатбор арзёбӣ шуд.

Ҷонибҳо барои беҳтар гардонидани сатҳи робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат дар заминаи ҷоннок намудани кори Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва дигар комиссияву зеркомиссияҳои танзимкунандаи муносибатҳои дуҷониба фикру мулоҳизаҳои судманд баён доштанд.

Дар мулоқот ҳамчунин масъалаҳои вобаста ба ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон дар соҳаҳои роҳу нақлиёт, энергетика, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ ва гузаргоҳҳои сарҳадӣ, инчунин иштироки фаъол дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги минтақавии роҳҳои оҳан ва лулаҳои газ  мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ба масъалаи рушду тавсеаи ҳамкориҳои ҳамсоядавлатҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг низ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир гардид.

Мавзуи дигари суҳбати пурмуҳтавои ҷонибҳо мусоидат ба истиқрори сулҳу субот дар Афғонистон, муборизаи беамон бар зидди терроризму экстремизми байналмилалӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ва қочоқи маводи мухаддир буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана

Пурхонанда

Ахбори тоза

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии футзал се зина поин рафт

ФИФА радабандии навбатии мунтахабҳои футзали мардон ва занонро нашр кард.