Назарбоев номгузории иншоот ба ифтихори худашро хуш надорад

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" гуфтааст, хуш надорад, ки иншоотро ба ифтихори ӯ номгузорӣ кунанд. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Қазоқистон дар гузашта пешниҳод кард, ки шаҳри Остона ба номи президент гузошта шавад, аммо Назарбоев ин пешниҳодро рад кард ва баъдтар ҳукумат расман фурудгоҳи Остонаро Нурсултон […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Нурсултон Назарбоев, президенти Қазоқистон дар суҳбат бо телевизиони "Россия 24" гуфтааст, хуш надорад, ки иншоотро ба ифтихори ӯ номгузорӣ кунанд.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, порлумони Қазоқистон дар гузашта пешниҳод кард, ки шаҳри Остона ба номи президент гузошта шавад, аммо Назарбоев ин пешниҳодро рад кард ва баъдтар ҳукумат расман фурудгоҳи Остонаро Нурсултон номгузорӣ кард. Одатан фурудгоҳҳо ба ифтихори сокинони машҳури кишвар баъди маргашон гузошта мешаванд, аммо ба хотири Назарбоев аз ин қоида сарфи назар шуд.

То ин замон дар Қазоқистон чанд пайкараи Назарбоев қомат афрохта ва акси ӯ дар калонтарин пули миллии кишвараш нақш ёфтааст.

"Ман гуфтаҳои императори бузурги Рим ва файласуф Марк Аврелийро ба ёд меорам. Аз вай пурсиданд, ки чаро то кунун пайкараи ту қомат наафрохтааст, вай гуфт, намехоҳам бипурсанд, ки ин пайкараи кист. Бигзор баъди сари ман пурсанд, ки чаро пайкарааш гузошта нашудааст", – шарҳ дод Назарбоев.

Нурсултон Назарбоев аз соли 1991 то кунун дар курсии президентӣ нишастааст. Вай қонунан унвони "пешвои миллат"-ро соҳиб шудааст. Назарбоев имрӯз 77-сола шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Дидитал Бизнез Астана
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Қавми ҷӯгӣ дар Тоҷикистон”. Барои ҳамгироии бештари онҳо бо ҷомеа чӣ бояд кард?

Дар баъзе кишварҳо барои ҳамгироии майдақавмҳо барномаву роҳбурди хос таҳия ва амалӣ мешавад, ки Тоҷикистон низ метавонад аз ин таҷриба истифода кунад.

Осиёи Марказӣ ҳарчи бештар ба воридоти ғизо вобаста мешавад

Аҳолии минтақа то он дам ба миқдори 14,5% зиёд мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 90

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Хоки қаҳрамонони Тоҷикистонро аз Маскав ба Душанбе оварданд

Хоки рамзии ҳарсе чеҳраи таърихии Тоҷикистонро дар оромгоҳи Лучоб дафн мекунанд

Ширкати “Сомон Эйр” тобистони ҳамин сол ҳавопаймоҳои нави Boeing-737 мегирад

Васеъ намудани парки ширкат бо ҳавопаймоҳои замонавӣ ба беҳбуди сифати хидматрасонӣ ба мусофирон ва афзоиши шабакаи хатсайрҳо имкон медиҳад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 майи соли 2026

Аз маҳфили Ҳабиб Юсуфӣ ва ошӯби зиндони Ваҳдат то даргузашти Меҳмон Бахтӣ.

Вазорати нақлиёт мегӯяд, дар пайи номусоидии ҳаво роҳдорон ба кори шабонарӯзӣ гузаштанд

Қаблан Оҷонсии ҳавошиносӣ аз бориши борон ва омадани сел ҳушдор дода буд.

Таҳдиди нави Доналд Трамп дар бораи ҳамла ба Эрон ва гузоришҳо аз шартҳои ду тараф барои азсаргирии музокирот

Бо вуҷуди ҳамаи ин радду бадалҳо ва ирсоли паёмҳо дар сояи як даргирии дигар миёни Эрон ва Амрико, маълум нест, ки музокираи навбатии онҳо кай баргузор мешавад.