Сайругашти Эмомалӣ Раҳмон бо меҳмонон дар бӯстонсарои Пуғус

Date:

Субҳи имрӯз дар бӯстонсарои беруназшаҳрии Ҳукумати ҶТ воқеъ дар мавзеи Пуғуси ноҳияи Варзоб вохӯрии сарони кишварҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои иштирокчии лоиҳаи минтақавии CASA-1000 доир гардид.

Дар мулоқоти сатҳи баланд сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон ва Муҳаммад Ашраф Ғанӣ, сарвазири Покистон Муҳаммад Навоз Шариф ва сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ҳузур доштанд.

Пас аз ҷаласа Эмомалӣ Раҳмон меҳмононро ба хӯроки нисфирӯзӣ даъват карда, онҳо аз мавзеи тамошобоби бӯстонсаро, ки миёни кӯҳҳои дараи Варзоб ҷойгир аст, боздид карданд.

ГАЛЛЕРЕЯ (13)













Баъди чанде дар ин бӯстонсаро гуфтушунидҳои сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон ва Покистон оғоз мегардад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related