Назди масҷидҳо курсҳои таълимӣ кушодан имкон дорад, вале иҷозатнома зарур аст

Дар назди масҷидҳои Тоҷикистон ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ имкон дорад, вале барои фаъолияти онҳо Вазорати маориф иҷозатнома намедиҳад. Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки тоҷикистониён бидуни хориҷ шудан аз қаламрави кишвар, дар дохили Тоҷикистон маълумоти ибтидоии динӣ гирифта метавонанд ва ин ҳуқуқ дар […]

Меҳрангез Турсунзода, махсус барои Asia-Plus

Дар назди масҷидҳои Тоҷикистон ифтитоҳи курсҳои омӯзишӣ имкон дорад, вале барои фаъолияти онҳо Вазорати маориф иҷозатнома намедиҳад.

Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии ҷумҳурӣ Сулаймон Давлатзода зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор дошт, ки тоҷикистониён бидуни хориҷ шудан аз қаламрави кишвар, дар дохили Тоҷикистон маълумоти ибтидоии динӣ гирифта метавонанд ва ин ҳуқуқ дар қонунгузории ҷумҳурӣ зикр шудааст.

“Масҷидҳои панҷвақта ҳуқуқ доранд, ки бо фароҳам овардани шароитҳои зарурии дахлдор барои гузаронидани машғулиятҳо дар назди худ курсҳои таълимоти динӣ боз кунанд”, – иброз дошт ӯ.

Аммо ба гуфтаи сардори Раёсати иттиҳодияҳои динии Кумита Ҳусейн Шокиров, то ҳол ягон масҷид дар Тоҷикистон бинобар сабаби надоштани иҷозатнома дар назди худ ин курсҳоро кушода натавонист.

“Якчанд масҷидҳо бо мақсади ташкили чунин курсҳо ҳуҷҷат пешниҳод карданд, лекин мувофиқи қонунгузорӣ, танҳо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба додани иҷозатномаи расмӣ барои фаъолияти чунин курсҳо ҳуқуқ дошта, то ҳанӯз ҳеҷ кадоме аз масҷидҳои ҷумҳурӣ бо сабабҳои ба мо номаълум чунин иҷозатнома надоранд”, – гуфт ӯ.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар Тоҷикистон ягона мактаби олии исломӣ фаъолият дорад, ки дар он 1400 нафар донишҷӯён таҳсили илм мекунад. Соли 2015 дар мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар дар синфи 9-ум омӯзиши фанни “Таърихи дин” ҷорӣ гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 майи соли 2026

Аз таъсиси Конфедератсияи футболи Осиё то Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар.

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст