Пешниҳоди бозбинии андозаи ҷиҳози арӯс

Date:

Кумитаи умури дини Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки андозаи ҷиҳозе, ки арӯсон баъди издивоҷ ба хонаи домод мебаранд, кам карда шавад.

Сардори Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумита Азизулло Мирзозода дар ин робита изҳор намуд, ки бояд ҳуҷчате омода гардад, ки ҷараёни ҷамъоварии ҷиҳози арӯсро танзим созад.

“Хеле душвор аст, вақте духтар ва волидони ӯ бояд пурра манзили навхонадоронро бо мебелу ҷиҳоз ва дигар лавозимоти зарурии рӯзгор таъмин кунанд, ҳарчанд манзилро ҷониби домод пешниҳод мекунад, – қайд кард ӯ. – Ин кор боадолатона нест, чунки қисмати зиёди хароҷот маҳз ба дӯши ҷониби арӯс рост меояд”.

Мирзозода қайд кард, ки Кумита ҳамчунин пешниҳод кардааст, ки дар Тоҷикистон шартномаи ақди никоҳ (издивоҷ) ҷорӣ шавад, то ки ба туфайли онҳо дар сурати азҳампошии оилаҳо тақсими амвол осонтар шавад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...