Сабти хурӯҷи бемории домана дар ҷануби кишвар

Date:

Насим Олимзода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хуруҷи домана дар ноҳияи Бохтарро ба ҳоҷатхонаҳои лаби дарё рабт дод.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Олимзода зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт, дар пайи сабти ҳолатҳо оид ба хуруҷи домана, як гурӯҳи фаврӣ таъсис дода шуда, ба ноҳияи Бохтар равона гардид.

“Муайян шуд, ки воқеан 5 нафар мубталои домана шудаанд. Сабаби пайдоиши беморӣ ин аст, ки дар ноҳия дар як шохаи дарёи Вахш ҳоҷатхонаҳо сохта шудааст. Мо ба раиси вилоят ва ноҳия мактуби расмӣ дар бораи бартараф кардани ҳоҷатхонаҳо ирсол кардем”, – иброз доштааст вазир.

Вазири тандурустӣ таъкид кард, ки ин беморӣ дар ноҳия пас аз як ҳафта пурра нобуд карда шуд: “Ҳамаи минтақаҳо аз ҳисоби хлор безарар гардонида шудаанд. Ҳодисаи дубора бақайдгирии домана сабт нашудааст ва то ҳол комиссияи доимамалкунандаи ҳам ҷумҳуривӣ ва ҳам вилоятӣ фаъол мебошад”.

Гузоришҳо дар мавриди хуруҷи домана дар ҷануби Тоҷикистон охири моҳи июн ва аввали моҳи равон нашр гардида, таъкид шуда буд, ки гармии шадид метавонад паҳншавии доманаро шиддат бахшад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 26

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 25

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Умре дар хидмати қалам. Алӣ Бобоҷон, адиб ва рӯзноманигори тоҷик 90-сола шуд

Агар Алӣ Бобоҷон имрӯз зинда мебуд, 10-уми феврал 90-солагиашро...