Дар Тоҷикистон 284 минтақаи ниҳоят хатарнок барои иқомати одамон ба қайд гирифта шудааст, ки хавфи рух додани ҳолатҳои фавқулода дар онҳо хеле зиёд аст. Дар ин минтақаҳо беш аз 100 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвар зиндагӣ мекунанд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ (КҲФ ва МГ)-и назди ҳукумати ҶТ генерал-лейтенант Рустам Назарзода зимни нишасти хабарӣ қайд кард, ки Кумита сокинони ноҳияи Варзобро, ки манзилҳояшонро дар мавзеи хатарноки наздики дарё сохта шудааст, аз хавфи рух додани чунин ҳолатҳо огоҳ кардааст.
“Имрӯз Кумита имкон надорад, ки аз лиҳозӣ техникӣ аз чархболи худ истифода намояд, мо ҳатто сарнишин(пилот) барои он надорем”, – гуфт Назарзода.
Дар ҳамин ҳол, ӯ зикр кард, ки бо супориши президент дар сурати зарурат Кумита метавонад аз чархболҳои Вазорати мудофиа, Қушӯнҳои сарҳади ва Гвардияи миллии ҷумҳурӣ истифода барад.
Зимнан қайд шуд, ки айни замон лоиҳаи сохтори нави идоракунии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таҳия ва ба баррасии ҳукумати кишвар пешниҳод шудааст, ки дар он тақвияти имконоти техникӣ ва таъсиси шуъба ё воҳидҳои Кумита дар тамоми ноҳияҳои кишвар пешбинӣ мешавад.
Ба гуфтаи генерал, нимсолаи аввали соли 2017 бар асари офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон 27 нафар шаҳрвандон ҳалок шуда, зиёни расида аз ин офатҳо беш аз 14,5 млн. сомонӣ арзёбӣ мешавад. Тӯли 6 моҳи соли равон дар обанбору дарёҳои кишвар 63 нафар ғарқ шудаанд.


