Сари болоравии тарифҳои барқ ҳукумат ҳоло сари хулосае наомадааст

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳод дар мавриди боло бурдани арзиши хизматрасонии барқ дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 27 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” гуфтааст, мақомоти ваколатдор хостори боло бурдани нархи хизматрасонии барқ шуд ва […]

Хабаргузории «Озодагон»

Масъулини Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯянд, пешниҳод дар мавриди боло бурдани арзиши хизматрасонии барқ дар баррасии ҳукумати ҷумҳурӣ қарор дорад.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Саъдӣ Қодирзода, сардори Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон рӯзи 27 июл дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли “Озодагон” гуфтааст, мақомоти ваколатдор хостори боло бурдани нархи хизматрасонии барқ шуд ва дар ин замина як гуруҳи корӣ таъсис ёфт: “Гуруҳи корӣ ин масъаларо баррасӣ ва онро ба ҳукумат пешниҳод намуд”.

Гуфта мешавад, Қодирзода илова кардааст, ки ҳангоми тағйири нархҳо вазъи иҷтимоии мардум ва даромаду хароҷоти корхонаҳо ба назар гирифта мешаванд.

Ёдрас мешавад, ки шурӯъ аз якуми июли соли 2014 нархи барқ дар Тоҷикистон 15 дарсад боло рафта, ҳар киловати он барои сокинон ба ивази 12,6 дирам фурӯхта мешавад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.