Пешгирии 2 амали террористӣ дар шимоли Тоҷикистон

Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Истаравшани вилояти Суғд содир гардидани 2 амали террористӣ тарҳрезӣ шуда буд. Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки амали террористӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ҷинояткорон аз хориҷи кишвар роҳбарӣ мекардаанд. “Кормандони мо як сокини вилоятро, ки бо […]

Мавлуда Рофиева, махсус барои Asia-Plus

Дар ноҳияҳои Ҷаббор Расулов ва Истаравшани вилояти Суғд содир гардидани 2 амали террористӣ тарҳрезӣ шуда буд.

Сардори Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд генерал-майори милитсия Шариф Назарзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор намуд, ки амали террористӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расуловро ҷинояткорон аз хориҷи кишвар роҳбарӣ мекардаанд.

“Кормандони мо як сокини вилоятро, ки бо ин гурӯҳ робита дошт, дастгир ва чор нафар ҳаммаласкони ӯро дар қаламрави кишвари хориҷӣ боздошт намуданд, – гуфт ӯ. – Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шудааст”.

Ба қавли ӯ, дар шаҳри Истаравшан аз амали дигари террористӣ пешгирӣ шуда, аз ҷинояткорон аслиҳа мусодира ва онҳо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ҳадафи амали террористӣ қарор дода будаанд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.