Cултонзода: ҳабси муборизон бо коррупсия ба «низоъҳои байниидоравӣ» рабт надорад

Ҳабси 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро набояд ба овозаҳову муқовиматҳои ҷойдошта миёни сохторҳои давлатӣ ё ба истилоҳ «низоъҳои байниидоравӣ» марбут донист. Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарӣ мегӯяд, шахси содиркардаи ҷиноят сарфи назар аз унвонаш, бояд назди қонун ҷавоб […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Ҳабси 10 нафар собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияро набояд ба овозаҳову муқовиматҳои ҷойдошта миёни сохторҳои давлатӣ ё ба истилоҳ «низоъҳои байниидоравӣ» марбут донист.

Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Сулаймон Султонзода зимни нишасти хабарӣ мегӯяд, шахси содиркардаи ҷиноят сарфи назар аз унвонаш, бояд назди қонун ҷавоб гӯяд ва суд сатҳи айбдории собиқ муборизон бо коруупсияро муайян мекунад.

«Сарфи назар аз сарусадову ҳангомаҳои марбут ба ҳабси мансабдорони воломақом, мардум ба Агентӣ эътимод дорад ва ҳамарӯза садҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон баҳри машварат ва ҳимоя ба мо муроҷиат мекунанд», – иброз дошт ӯ.

Номбурда ба рӯзноманигорон итминон дод, ки «ҳабси собиқ кормандони ин ниҳод ба ҳеҷ гунае ба фаъолияти ҳамарӯзаи Агентӣ таъсир манфӣ нагузоштааст».

Ёдрас мекунем, ки қаблан аз Суди олии ҷумҳурӣ хабар доданд, ки мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:
Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Сайфуллоҳи Муллоҷон: “Воқеънигорӣ “Азия-Плюс”-ро дар Тоҷикистон ва минтақа соҳиби эҳтиром кард”

Ин таърихнигори шинохтаи тоҷик гуфт, ки “шумо муваффақ шудед, акнун худро ҳифз ва ба ҷомеа хидмат кунед”.

Тағйироти кадрӣ дар чанд вазорату идораи Тоҷикистон. Кӣ аз мансаб озод шуду кӣ вазифа гирифт?

Аз ҷумла, ду сафир, як консул ва чанд раису муовин дар ниҳодҳои калидӣ нав шуданд.

Дар пасманзари ҷанг алайҳи Эрон гардиши мол бо Тоҷикистон қариб 10% коҳиш ёфтааст

Гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистону Эрон дар моҳи март қариб 10% коҳиш ёфтааст.

Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии шуғл дар зинаҳои поёнӣ қарор гирифт. Чаро?

Дар Тоҷикистон танҳо аз се як ҳиссаи шаҳрвандони қобили меҳнат бо ҷойи корӣ таъминанд.

Дар Тоҷикистон чанд собиқадори Ҷанги Бузурги Ватанӣ боқӣ мондааст?

Теъдоди онҳо дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар аст?

Арзиши рекордии алюминий. Чӣ гуна Тоҷикистон метавонад аз гаронии нарх истифода барад?

Кишвар ният дорад, ҳаҷми истеҳсол ва содироти ин металлро зиёд кунад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 73

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар се моҳи соли 2026 иқтисоди Тоҷикистон 8% рушд кардааст

Муҳаррикҳои асосӣ бахши кишоварзӣ, саноат ва сохтмон боқӣ мондаанд.