Волидони 26 тифл истифодаи номҳои дар рӯйхат тасдиқшударо рад карданд

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Феҳрасти номҳои миллӣ аллакай чоп шуда, Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлолият пешниҳод мешавад. Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj, Шарофзода изҳор намудааст, ки дар Кумитаи тобеяш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон […]

tajikistantimes.tj

Гавҳар Шарофзода, раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди ҳукумати Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, Феҳрасти номҳои миллӣ аллакай чоп шуда, Фарҳанги номҳои миллӣ то ҷашни 26-солагии Истиқлолият пешниҳод мешавад.

Бино ба иттилои сомонаи tajikistantimes.tj, Шарофзода изҳор намудааст, ки дар Кумитаи тобеяш гуруҳи корӣ ташкил шудааст, ки ҳайати он ҳангоми муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандон ва дар феҳристи номҳои миллии тоҷикон набудани номи интихобнамудаи онҳо хулосаи худро пешниҳод мекунанд.

«Дар нимсолаи аввал аз ҷониби гуруҳи корӣ ба 26 муроҷиати шаҳрвандон оид ба номгузории фарзандонашон хулоса пешниҳод гардид, ки аз он ба ду муроҷиат посухи рад дода шудааст», – қайд кардааст ӯ.

Ба иттилои масъулини Кумита ду номи радшуда Асмоа ва Облоқул мебошанд: “Облоқул шакли шикастаи Аллоҳу Акбар мебошад, ки шакли талаффузи туркиро гирифтааст. Дигар Асмоа буд, ки аз нигоҳи маънӣ ҷамъи исмҳост, ки чандон ба меъёр мувофиқ набуд”.

Дар мавриди номҳои ғайримуқаррарӣ, аз ҷумла Ардвирасура, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳс барангехт, Шарофзода ба мунаққидон маслиҳат дод, ки ба манобеи қадимии суғдию бохтарӣ муроҷиат кунанд, ки дар он Ардивасура номи яке аз фариштаҳост.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.