Президент се судяро аз мансаб барканор кард

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се судя бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаҳояшон озод карда шуданд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ Амонулло Муқаиршо аз вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғ, Қосим Нуруллозода аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Зумрад Нурализода аз вазифаи раиси […]

Asia-Plus

Бо фармони Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон се судя бинобар сабаби расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан аз вазифаҳояшон озод карда шуданд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ҳамин тариқ Амонулло Муқаиршо аз вазифаи раиси суди шаҳри Хоруғ, Қосим Нуруллозода аз вазифаи раиси суди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва Зумрад Нурализода аз вазифаи раиси суди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин озод карда шуданд.

Ҳамчунин бо амрҳои Сарвари давлат Фаромӯз Имомбердиев аз вазифаи машваратчии шӯъбаи амнияти ҷамъиятии дастгоҳи Шӯрои амнияти Тоҷикистон озод карда шуд.

Бо амрҳои дигари Президент Масрур Абдуллозода мушовири бахши Ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва Аҳмадҷон Ҳасанзода мудири Котиботи Сарвазири Тоҷикистон таъин карда шуданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.