Гумрукчиён 114 шиша арақи худсохти “Шоҳона”-ро мусодира карданд

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе сокини 33-солаи пойтахтро ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир карданд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ӯ 10 қутти машруботҳои спиртии тамғаи «Шоҳона» навъи «Хлебная» ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад мусодира шудааст. Гуфта мешавад, ӯ ин машруботи […]

Asia-Plus

Кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар шаҳри Душанбе сокини 33-солаи пойтахтро ҳангоми ба фурӯш гузоштани арақи худсохт дастгир карданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Хадамоти гумрук, аз ӯ 10 қутти машруботҳои спиртии тамғаи «Шоҳона» навъи «Хлебная» ба миқдори 52 адад ва «Платинум» ба миқдори 62 адад, ҷамъ 114 адад мусодира шудааст.

Гуфта мешавад, ӯ ин машруботи спиртии худсохторо аз маҳаллаи Ховарони шаҳри Душанбе ба маҳаллаи Воданасоси шаҳри Душанбе интиқол доданӣ будааст. Боздоштшуда арзиши як адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» – ро 14 сомонӣ ва арзиши як адад арақи тамғаи «Шохона Платинум» – ро 20 сомонӣ, ҷамъ 1 ҳазору 968 сомонӣ нархгузорӣ намудааст.

Тибқи мактуби ҶДММ «Шоҳона», арзиши 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Платинум» ғунҷоишаш 0,5 литр 25 сомонӣ ва 1 адад арақи тамғаи «Шоҳона Хлебная» ғунҷоишаш 0,5 литр 15 сомонӣ, ҷамъ 2 ҳазору 330 сомониро ташкил медиҳанд, ки ба таври худсоз бидуни технологияҳои истеҳсоли сохта шудаанд ва ба ҶДММ «Шоҳона» дахл надоранд.

Зикр мегардад, ки аз рӯи ҳолати мазкур нисбати шаҳрванди боздоштшуда парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ба прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.