Ҷаримабандии кормандии Агентии зиддифасод дар Суғд барои қаллобӣ

Суди шаҳри Хуҷанд корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Мирзокарим Каримзодаро ба иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Сардори Раёсати Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки Каримзода, корманди фаврии шуъбаи кофтукови Раёсати Агентӣ бо роҳи фиреб ба […]

Asia-Plus

Суди шаҳри Хуҷанд корманди Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар вилояти Суғд Мирзокарим Каримзодаро ба иттиҳоми қаллобӣ ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Сардори Раёсати Агентӣ, полковники адлия Иброҳимзода Карим Иброҳим ба рӯзноманигорон дар ин робита изҳор намуд, ки Каримзода, корманди фаврии шуъбаи кофтукови Раёсати Агентӣ бо роҳи фиреб ба боварии шаҳрванд К.К. даромада, аз ӯ гӯё барои озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноӣ 5 ҳазор доллар маблағ талаб мекунад ва онро азхуд мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки ин корманди Агентӣ дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 247, қ. 4, банди “б” гунаҳкор эътироф гардида, ҷариманбандӣ шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.