Манижа бозгашт ба саҳнаро ваъда кард. Баъди 11 сол

Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик, ки беш аз даҳ соли ахир аз саҳна канор рафтааст, шарти ба саҳна баргаштани худро эълон кард. Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Манижа дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, агар санъаткороне, ки дар аз саҳна дур карданаш нақш доштанд, мисли ӯ чанд сол умри худро дареғ надоранд, ба саҳна бармегардад. Гуфта мешавад, […]

Хабаргузории "Озодагон"

Манижаи Давлат, овозхони шинохтаи тоҷик, ки беш аз даҳ соли ахир аз саҳна канор рафтааст, шарти ба саҳна баргаштани худро эълон кард.

Бино ба иттилои хабаргузории «Озодагон», Манижа дар саҳфаи фейсбукаш навиштааст, агар санъаткороне, ки дар аз саҳна дур карданаш нақш доштанд, мисли ӯ чанд сол умри худро дареғ надоранд, ба саҳна бармегардад.

Гуфта мешавад, Манижа дар ин навишта, ки бо таъкиди “барои кулли расонаҳо” нашр шудааст, мушаххасан аз ҳеч санъаткоре ном набурда, аммо таъкид намуда, ки онҳо барои аз саҳнаву ҳаводорон дур карданаш “номи бисёр нафаронро истифода бурданд”.

Матни ин навиштаи Манижа бидуни таҳрир:

“Барои баъзе санъаткорхое, ки хелеее талош карданд, ки ман аз сахнаву хаводоронам дур шавам то, ки онхо рушд кунанд ва барои ин бисер чизхо ва номи бисер нафаронро истифода бурданд, харчи чи,ки хостанд дарег надоштам ва шанс додам. Гуфтам: бигузор, агар ба хамин кадар кор ки душмани ман хурсанд гардад ман розй…

Саволе ба миён меояд,ки онхо хам метавонанд 11-12соли умри худро барои ман дарег надоранд.Агар тавонанд-МАН БА САХНА БАРМЕГАРДАМ!

Манижаи Давлат барои кулли расонахо.m.d”

Қаблан дар остонаи фарорасии Соли нав Манижаи Давлат ба саволи «Азия-Плюс» дар бораи дархосташ аз Бобои Барфӣ дар соли 2017 чунин посух дода буд: «… солимӣ ва баргардонидани ман  ба хона, яъне Саҳна…».

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.