Прокурори генералӣ: хешони мухолифон бидуни фишор бозпурсӣ мешаванд

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ба оила ва хешовандону наздикони аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукумати кишвар ҳеҷ гуна фишор оварда намешавад. «Аммо дар доираи парвандаи ҷиноӣ аъзои оила, пайвандону наздикони аъзои созмонҳои ифротгаро ва террористие чун «Гурӯҳи 24» ва ғайра бозпурсӣ шуда, онҳо зери ҳеҷ гуна фишоре қарор […]

Cайфиддин Қараев, Asia-Plus

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор дошт, ки аз ҷониби сохторҳои давлатӣ ба оила ва хешовандону наздикони аъзои ҳизбу ҳаракатҳои мухолифи ҳукумати кишвар ҳеҷ гуна фишор оварда намешавад.

«Аммо дар доираи парвандаи ҷиноӣ аъзои оила, пайвандону наздикони аъзои созмонҳои ифротгаро ва террористие чун «Гурӯҳи 24» ва ғайра бозпурсӣ шуда, онҳо зери ҳеҷ гуна фишоре қарор намегиранд», – иброз дошт зимни нишасти хабарӣ прокурори генералӣ.

Юсуф Раҳмон ҳамчунин иттилоъ дод, ки нисбати ҳамаи шаҳрвандони кишвар, ки аз ҷониби созмонҳои террористӣ ҷалбу ба Ироқу Сурия сафарбар шудаанд, дар Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо мавриди пайгард қарор доранд ва баъди дастгир гардидан муҷозот мешаванд.

«Пеш аз ба ҷанг рафтан, оқибатҳояшро фикр кардан зарур буд, – қайд кард ӯ. – Надонистани қонун аз ҷавобгарӣ озод намекунад. Иштирок дар ҷангҳо дар сафҳои террористон ҷиноят аст. Террористон бахшида намешаванд. Онҳо мустақилона баргашта наметавонанд, онҳоро дастгир ва ба ихтиёри мо месупоранд ва мо онҳоро ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мекунем. Онҳо барои ҷамъият ва давлат хатар эҷод мекунанд. Шояд занону кӯдакон истисно шаванд».

Прокурори генералӣ итминон дод, ки дар сурати боздошти собиқ фармондеҳи ОМОН Гулмурод Ҳалимов, ки ба сафҳои Давлати исломӣ пайваст, дар ин хусус ба васоити ахбори умум хабар медиҳад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.