Омбудсмен: Ғаффор Мирзоев бо мо вохӯрдан мехоҳад

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки чанд рӯз пеш аз собиқ фармондеҳи замони ҷанги шаҳрвандӣ Ғаффор Мирзоев, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, мактуб гирифтааст. Номаро хоҳари собиқ генерал Ойиша Мирзоева ба ин ниҳод расонидааст. Ба гуфтаи Ализода, дар мактуб Мирзоев вохӯрӣ бо намояндагони ин ниҳодро дархост […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки чанд рӯз пеш аз собиқ фармондеҳи замони ҷанги шаҳрвандӣ Ғаффор Мирзоев, ки ба ҳабси абад маҳкум шудааст, мактуб гирифтааст. Номаро хоҳари собиқ генерал Ойиша Мирзоева ба ин ниҳод расонидааст.

Ба гуфтаи Ализода, дар мактуб Мирзоев вохӯрӣ бо намояндагони ин ниҳодро дархост намудааст. Ализода гуфт, ин вохӯрӣ моҳи сентябр доир мегардад.

Дар ҳамин ҳол, ӯ маълумот доир ба гуруснанишинӣ эълон кардани Ғаффор Мирзоевро рад карда, изҳор дошт, ки «ӯ аз то ба ҳукумат нарасидани мактубҳояш оид ба дархости бозбинӣ шудани парвандааш шикоят дорад, вале гуруснанишинӣ эълон накардааст».

Омбудсмен ҳамчунин маълумоти гӯё бо кумаки тиббӣ ва табибон таъмин набудани Ғаффор Мирзоеви маҳкумшударо низ нодуруст унвон кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.