Рейдҳои зидди ҳиҷоб. Ҷарима ё корҳои фаҳмондадиҳӣ?

Дар макони серодами шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳо нисбат ба аз ҷониби занон ба бар намудани ҳиҷобу сатр, ки ба расму оинҳои миллии Тоҷикистон бегона эълон шудааст, «рейдҳо» доир гардида, кормандони мақомоти давлатӣ дар мавриди ин масъала миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд. Тавре ба «Азия-Плюс» фурӯшандазанони бозори Шоҳмансур дар ин робита хабар доданд, ин […]

Asia-Plus

Дар макони серодами шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар бозорҳо нисбат ба аз ҷониби занон ба бар намудани ҳиҷобу сатр, ки ба расму оинҳои миллии Тоҷикистон бегона эълон шудааст, «рейдҳо» доир гардида, кормандони мақомоти давлатӣ дар мавриди ин масъала миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.

Тавре ба «Азия-Плюс» фурӯшандазанони бозори Шоҳмансур дар ин робита хабар доданд, ин корҳои фаҳмондадиҳӣ набуда, онҳоро ҳушдор додаанд, ки агар аз пӯшидани ҳиҷоб даст накашанду онро аз пушти сар набанданд, то 1 ҳазор сомонӣ ҷарима мешаванд.

«Касоне, ки баҳс кардан намехостанд, хомӯшона рӯймолашонро аз пушти сар баста, гарданашонро урён карданд, вале ба касоне, ки норозӣ буданд, бо ҷаримаи зиёд таҳдид карданд. Як ҳафта пеш ба мо гуфта буданд, ки барои пӯшидани ҳиҷоб ҷарима 100 сомонӣ аст, ҳозир бошад, аллакай 1 ҳазор сомонӣ мегӯянд», – ҳикоят кард ба «Азия-Плюс» яке аз занони фурӯшандаи бозор.

Дар Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ чунин амали гурӯҳҳои кориеро, ки дар ҷойҳои серодам, аз ҷумла бозору марказҳои савдо миёни занон корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, рад карданд ва тавсия доданд, ки аз ному насаби шахсони расмие, ки ба ин амалҳо даст мезананд, ба Кумита хабар диҳанд.

Ҳамчунин дар Кумитаи мазкур изҳор доштанд, ки барои ба бар намудани ҳиҷоб ҳеҷ гуна ҷаримае пешбинӣ нашудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.