Омбудсмен: баъди бозгашти ихтиёрӣ аз Сурия ҳеҷ гуна авфи автоматӣ нест

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода мегӯяд, шаҳрвандони кишвар, ки аз Сурия ё дигар давлатҳои даргири амалиёти ҷангӣ ихтиёрӣ ба ватан бармегарданд, ба таври автоматӣ авф намешаванд. «Шахсе, ки аз Сурия баргашт, танҳо дар ҳолате авф мешавад, ки агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содир нашудани ҷиноят аз ҷониби ин шахсро муайян кунанд ва […]

Asia-Plus

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон Зариф Ализода мегӯяд, шаҳрвандони кишвар, ки аз Сурия ё дигар давлатҳои даргири амалиёти ҷангӣ ихтиёрӣ ба ватан бармегарданд, ба таври автоматӣ авф намешаванд.

«Шахсе, ки аз Сурия баргашт, танҳо дар ҳолате авф мешавад, ки агар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содир нашудани ҷиноят аз ҷониби ин шахсро муайян кунанд ва танҳо тафтишот нишон хоҳад дод, ки ин шахс дар озодӣ мемонад ё ба ҷавобгарии ҷиноӣ ҷалб мешавад», – гуфт Омубдсмен зимни нишасти хабарӣ.

Дар робита ба кӯдаконе, ки айни замон бо волидонашон дар Сурия қарор доранд, Ализода гуфт, нимсолаи аввали соли ҷорӣ ҳеҷ касе аз пайвандону наздикони кӯдакон ҷиҳати мусоидат барои ба ватан баргардонидани онҳо ба ин ниҳод муроҷиат накардааст.

Ба гуфтаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдакон Раҷабмоҳ Ҳабибуллозода, имрӯз 206 нафар кӯдакону наврасон аз Тоҷикистон дар минтақаи Шарқи Наздик қарор доранд.

Бино ба маълумоти СММ, 234 оилаи тоҷикистониён иборат аз 840 нафар айни замон дар қаламрави Сурия ва Ироқ ё дигар минтақаҳои низоъ ҳузур дошта, 309 нафарашон – мардон, 279 нафарашон – занон, 110 нафар – духтарони ноболиғ ва 142 нафар – писарони ноболиғ мебошанд.

Тибқи ҳамин маълумот, тайи ду соли охир (солҳои 2015-2017) ба ҳукуматдорони Тоҷикистон муяссар шудааст, ки 19 оила ё худ 61 нафарро аз минтақаҳои даргири ҷанг берун оваранд, ки миёни онҳо 21 духтари ноболиғ ва 20 писари ноболиғ ҳузур доштанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.