Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 7 августи соли равон дар бораи аз вазифа озод ва таъин намудани сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ фармонҳо ба имзо расонид.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Исматулло Насрединов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Австрия, Намояндаи доимии ҶТ дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия), сафири Тоҷикистон дар Италия, сафири Тоҷикистон дар Словакия, сафири Тоҷикистон дар Маҷористон озод карда шуд.
Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қаландар Идибек сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин шуд. Ардашер Қодирӣ аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қатар озод шуда, ба ҷойи ӯ Хисрав Соҳибзода ба ин мансаб таъин шуд.
Бо фармони сарвари давлат, Зоҳир Саидов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон озод карда шуда, Солӣ Рустам сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд.
Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Ҷумъазода Мурод Хол бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Файзуллозода Заробиддин Қудрат ба ин вазифа таъин шуд.





