Эмомалӣ Раҳмон сафирон дар Қатар, Австрия ва Озарбойҷонро иваз кард

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 7 августи соли равон дар бораи аз вазифа озод ва таъин намудани сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ фармонҳо ба имзо расонид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Исматулло Насрединов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Австрия, Намояндаи доимии ҶТ дар САҲА ва […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон санаи 7 августи соли равон дар бораи аз вазифа озод ва таъин намудани сафирони Тоҷикистон дар як қатор кишварҳои хориҷӣ фармонҳо ба имзо расонид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Исматулло Насрединов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Австрия, Намояндаи доимии ҶТ дар САҲА ва созмонҳои дигари байналхалқӣ (Вена, Австрия), сафири Тоҷикистон дар Италия, сафири Тоҷикистон дар Словакия, сафири Тоҷикистон дар Маҷористон озод карда шуд.

Бо фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон Қаландар Идибек сафири Тоҷикистон дар Австрия таъин шуд. Ардашер Қодирӣ аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Қатар озод шуда, ба ҷойи ӯ Хисрав Соҳибзода ба ин мансаб таъин шуд.

Бо фармони сарвари давлат, Зоҳир Саидов бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва сафири Тоҷикистон дар Гурҷистон озод карда шуда, Солӣ Рустам сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон таъин шуд.

Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, Ҷумъазода Мурод Хол бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи Сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Тоҷикистон озод карда шуда, Файзуллозода Заробиддин Қудрат ба ин вазифа таъин шуд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.