Коршинос: даъвати тарки Афғонистон кардани ИМА-ро касе ҷиддӣ намегирад

Коршиноси тоҷики масоили Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки бо даъвати Афғонистонро тарк кардани ИМА, Маскав мавқеи Кобули расмиро, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи ҳузури артиши ИМА ва НАТО нест, ба инобат нагирифтааст. Ба гуфти коршинос, эътилофи низомии кишварҳои НАТО таҳти сарварии ИМА қариб пурра вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ҳанӯз дар соли 2001 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Коршиноси тоҷики масоили Афғонистони муосир Қосим Бекмуҳаммад бар ин назар аст, ки бо даъвати Афғонистонро тарк кардани ИМА, Маскав мавқеи Кобули расмиро, ки ҳеҷ гоҳ мухолифи ҳузури артиши ИМА ва НАТО нест, ба инобат нагирифтааст.

Ба гуфти коршинос, эътилофи низомии кишварҳои НАТО таҳти сарварии ИМА қариб пурра вазифаҳои дар наздашон гузошташуда ҳанӯз дар соли 2001 – аз байн бурдани Ал-Қоида ва пешвои он Усома бин Лоданро иҷро карданд.

Номбурда изҳор намуд, ки ИМА ҳеҷ гоҳ назди худ вазифа нагузоштаанд, ки бо «Толибон» мубориза баранд ва «ин вазифаи онҳо набуд».

«Ҳеҷ кас дар ҷаҳон даъвати Маскав аз Вашингтон ҷиҳати тарки Афғонистонро ҷиддӣ қабул надорад, зеро ба аксарият аён аст, ки чунин даъватҳо аз муқовимати Русия ва ИМА дар Сурия бармеоянд», – таъкид дошт коршинос.

Дар ҳамин ҳол, ӯ хотиррасон намуд, ки имрӯз миёни Маскаву Кобул дар робита ба маълумоти робитаи эҳтимолии Кремл бо толибон як навъ шиддати муносибатҳо ба вуҷуд омадааст.

Айни замон ҳудуди 8400 нафар хизматчиёни ҳарбии ИМА ва қариб 5000 низомиёни НАТО дар Афғонистон ҳузур доранд. Нерӯҳои амрикоӣ ҳамроҳ бо артиши Афғонистон ба баргузории амалиёти зиддитеррористӣ ва кумак ба низомиёни маҳаллӣ машғуланд. Тибқи маълумоти USA Today, имрӯз дар ИМА имкони ба дӯши паймонкорони хусусӣ вогузор шудани қисмате аз ваколатҳои низомиро баррасӣ доранд.

Агентии Reuters хабар дод, ки ҳаракати Толибон бо талаби аз Афғонистон хориҷ кардани артиши ИМА ба президенти ин кишвар бо мактуби кушод муроҷиат намуд.

«Таҷрибаи пешин гувоҳи он аст, ки сафарбарии шумори зиёди нерӯҳои низомӣ ба Афғонистон ба ҷуз тахриби иқтидори ҳарбӣ ва иқтисодии ИМА, чизи дигаре ба бор намеоварад», – зикр шудааст дар номаи толибон бо забони англисӣ.

Толибон изҳор доштаанд, ки низоъ дар Афғонистон бо роҳи аз кишвар хориҷ кардани нерӯҳои низомии хориҷӣ ҳаллу фасл мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио