Ӯзбекистон: таҳқири журналист ва манъи пахши мустақим

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар як ҷаласа бо ҳузури рӯзноманигорони Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон пахшҳои мустақимро манъ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай барномаи рӯзноманигор Шерзод Қудратхоҷаевро, ки мустақиман пахш мешавад, танқид ва таҳқир кардааст. Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҷаласа миёни сарвазир ва роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ низоъ […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сарвазири Ӯзбекистон Абдулло Орифов дар як ҷаласа бо ҳузури рӯзноманигорони Ширкати миллии радио ва телевизиони Ӯзбекистон пахшҳои мустақимро манъ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, вай барномаи рӯзноманигор Шерзод Қудратхоҷаевро, ки мустақиман пахш мешавад, танқид ва таҳқир кардааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, дар ин ҷаласа миёни сарвазир ва роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ низоъ бархостааст.

"Сарвазир ба роҳбари Клуби матбуотии байналхалқӣ Шерзод Қудратхоҷаев бо чунин лафз муроҷиат кард: "Ту, бача, аз ҳад гузарондӣ! Ту худро кӣ медонӣ?" Қудратхоҷаев дар посух гуфт: "Шумо маро бо мансабатон натарсонед, шумо ҳақ надорад, ба ман ту гӯед". Миёни онҳо низои лафзӣ бархост. Сарвазир ба Шерзод гуфт: "Агар як шатта ба пуштат занам, ба ҷои пешинат бармегардӣ ва омӯзгорӣ мекунӣ", – мегӯяд як шоҳид, ки дар ҷаласаи мазкур ширкат дошт.

Сарвазир ба раиси Ширкати радио ва телевизиони Ӯзбекистон Бобур Алихонов танбеҳ эълон ва дар ширкат тағйироти кадрӣ ворид кардааст. Хайрулло Нуриддинов, ки чанде пеш аз вазифаи муовинии раиси ширкати мазкур ронда шуда буд, дубора дар мақомаш барқарор гардидааст.

Озод Ҳамидхоҷаев, мудири телевизиони "Ӯзбекистон 24", ки дар шабака барномаҳои ҷиддиро пахш мекард, аз мақомаш барканор шудааст. Ба ин тартиб, дар ширкати радио ва телевизиони он кишвар чанд тағйири дигар сурат гирифтааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.