Тошканд аз Москва ҳабси дороиҳои Гулнора Каримоваро дархост кард

Date:

Мақомоти Ӯзбекистон аз Москва хостанд, ки дороиҳои духтари калонии президенти пешини ин кишвар Ислом Каримовро дар Русия ба ҳабс гирад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, Гулнора Каримова дар Русия дар маҷмааи "Камолот"-и Москва пентҳауз, дар минтақаи Рублевка ҳавлӣ ва 8 хона дорад. Дар Ялтаи Қрим меҳмонхона, манзили истиқоматӣ ва қитъаи замин низ дорад.

Дафтари матбуоти Додситонии кулли Русия рӯзи 24 август гуфт, ки дархости ҷониби Ӯзбекистон мавриди баррасӣ қарор дорад, аммо ҷузъиёти аз ин бештар надод.

Гулнора Каримова мудати тӯлоние ба сарояндагӣ машғул буд ва ба худ номи мустаори Googoosha-ро низ гирифта буд. Вай ҳамчунин як муддат дар бахши дипломатия фаъолият кардааст.

Бори аввал дар бораи доду гирифтҳои машкуки Гулнора соли 2012 хабар расид. Рӯзноманигорони телевизиони Шветсия хабар доданд, ки Гулнора Каримова барои иҷозати фаъолияти ширкати мобилии шведӣ дар Ӯзбекистон пора талаб кардааст.

Моҳи октбяри соли 2013 Гулнора дар Ӯзбекистон дар тамаъҷӯӣ ва саркашӣ аз пардохти андоз айбдор шуд. Вай чанд солро дар ҳабси хонагӣ пушти сар кард. Моҳи августи соли 2015 додгоҳи Тошканд ӯро панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохт.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...