Ҳидоятҳои Президент ба ҳомиёни кишвар. Дар Академияи ВКД (аксҳо)

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷуёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ Президенти мамлакат изҳор дошт, ки дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор […]

Asia-Plus

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи дониш ва ифтитоҳи бинои нави Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳузури ҳайати омӯзгорону донишҷуёни ин муассисаи олии таълимӣ суханронӣ намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни суханронӣ Президенти мамлакат изҳор дошт, ки дар охири асри бист ва оғози асри бистуяк сайёраи мо ба як қатор таҳдиду хатарҳои нав, аз қабили экстремизму терроризм, ҷангҳои мазҳабӣ, амалҳои даҳшатноки террористӣ, густариши ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир, инчунин, тағйирёбии иқлим, шиддат гирифтани раванди аз нав тақсим кардани дунё барои ба даст даровардани захираҳои табиӣ аз ҷониби абарқудратҳо ва мушкилоти дигар рӯ ба рӯ гардид.

«Чунин вазъ мардуми сайёра, аз ҷумла моро водор месозад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории амният ва суботу оромии ҷомеа аҳаммияти хосса зоҳир намоем», – иброз дошт ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин қайд кард, ки «халқи мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро мардуми тоҷик бо айби як идда ашхоси хоину зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ки мехостанд дар Тоҷикистон давлати исломӣ бунёд намуда, мазҳаб ва фарҳанги бегонаро ба сари мардуми мо бор кунанд, ба гирдоби ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуданд».

Сарвари давлат аз омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ даъват кард, ки ҳангоми дарси сулҳ бояд ба шогирдони худ аҳаммият ва нақши сулҳу ваҳдати миллиро барои суботи ҷомеа, рушди муназзаму муътадили кишвар ва пойдориву устувории давлат шарҳ диҳанд ва наврасону ҷавононро дар рӯҳияи сулҳдӯстиву сулҳпарварӣ тарбия намоянд.

Сипас Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани бинои маъмурию таълимӣ ва иншооти Академияи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон иштирок кард.

 

Ба сохтмони ин бино Президенти Тоҷикистон 20 июни соли 2014 санги асос гузошта, барои анҷоми марҳилаи аввали сохтмони он аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва ВКД Тоҷикистон ҳудуди 70 млн. сомонӣ маблағ ҷудо шудааст.

 

Айни замон дар Академияи ВКД Тоҷикистон 2 ҳазору 200 нафар курсантҳо таҳсил мекунанд, ки 156 нафарашон духтарон мебошанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.

Душанбеи хунин. Куштори Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов, ду шоҳсутуни тибби тоҷик

Имрӯз зодрӯзи Юсуф Исҳоқӣ, табиби тоҷик, доктори илмҳои тиб аст.