Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо мансабдорони воломақоми Чин

Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси маҷмуи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Аз […]

Asia-Plus

Дар шаҳри Пекин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Маҷлиси умумихитоии намояндагони мардумии Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Дэсзян мулоқот намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, зимни мулоқот вазъ ва дурнамои муносибатҳои дӯстонаю ояндадори Тоҷикистон ва Чин, ки дар асоси маҷмуи санадҳои муҳими ҳуқуқии ҳамкорӣ танзим мешаванд, мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Аз сатҳи муносибатҳои сиёсию байнипарлумонӣ, иқтисодӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва ҷамъиятӣ изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва нақши парлумонҳои ҳар ду давлат дар рушду тавсеаи ин муносибатҳо таъкид гардид.

Дар мулоқот ҳамчунин масоили ҳамдастии палумонҳои ду давлат дар мубориза алайҳи терроризму экстремизми байналмилалӣ ва дигар таҳдиду хатарҳои нави минтақавию ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шӯрои давлатии Ҷумҳурии мардумии Чин Ли Кетсян дидору гуфтушунид анҷом дода, ҷонибҳо атрофи вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байниҳукуматии Тоҷикистон ва Чин мубодилаи афкор карда, соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, роҳу нақлиёт, саноати кӯҳию металлургӣ, молияву бонкдорӣ, кишоварзӣ, амният, фарҳанг, маориф ва туризмро аз самтҳои ояндадор ва манфиатовари ин муносибатҳо арзёбӣ намуданд.

Мусоҳибон ҳамчунин атрофи масъалаҳои вобаста ба ҳамкорӣ дар соҳаи гидроэнергетика, бунёди неругоҳҳои барқи обии миёна, навсозӣ ва таҷдиди роҳҳои пайвандсози ду давлат, таъсиси паркҳои саноатию технологии муштарак, бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти кимиёвӣ ва сохтмонӣ, корхонаҳои коркарди металл ва маъданҳои кӯҳӣ, ба роҳ мондани содироти меваю сабзавоти тару тоза ва хушкмеваҳои Тоҷикистон ба Чин, таҳкими ҳамкориҳои молиявию қарзӣ, истеҳсоли маводи доруворӣ ва беҳдошти инфрасохтори сайёҳӣ дар кишвари мо табодули афкор намуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.