То охири сол дар Душанбе корти ягонаи нақлиётии Citycard ҷорӣ мешавад

Дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти ҷумҳурӣ корти ягона амал хоҳад кард, ки тариқи он пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо имконпазир мегардад. Улуғбек Каримов, директори лоиҳаи Citycard ба журналистон изҳор намуд, ки айни замон дастгоҳҳои сабти кортҳо (валидаторҳо) дар 60 автобусу тролеейбусҳое, ки дар маркази пойтахт равуо доранд, насб шуда, дар марҳилаи дуюм чунин дастгоҳҳо боз дар […]

Мавзуна Абдуллоева, Asia-Plus

Дар нақлиёти ҷамъиятии пойтахти ҷумҳурӣ корти ягона амал хоҳад кард, ки тариқи он пардохти роҳкиро дар автобусу троллейбусҳо имконпазир мегардад.

Улуғбек Каримов, директори лоиҳаи Citycard ба журналистон изҳор намуд, ки айни замон дастгоҳҳои сабти кортҳо (валидаторҳо) дар 60 автобусу тролеейбусҳое, ки дар маркази пойтахт равуо доранд, насб шуда, дар марҳилаи дуюм чунин дастгоҳҳо боз дар 180 автобусу троллейбусҳои дигар гузошта мешаванд.

Ба гуфтаи ӯ, барои насби танҳо 1 валидатор 350 долллар харҷ шуда, лекин дар ин маблағ таҷҳизоти дигари зарурӣ барои дар як вақт анҷом пазируфтан (синхронизатсия)-и пардохт бо низомҳои бонкӣ ба инобат гирифта нашудааст. Дар бораи арзиши умумии амалисозии лоиҳа Каримов маълумот надода, танҳо иброз дошт, ки ин таҷҳизот аз Беларус, Олмон ва Таиланд оварда шудааст.

Ба гуфтаи муовини аввали раиси шаҳри Душанбе Қурбон Саидзода, корҳои насбу танзими таҷҳизот ва таҳияи кортҳои электронӣ дар доираи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ аз ҳисоби ҶДММ «Авесто» анҷом дода мешавад.

Қабл аз роҳандозии амали корти ягонаи нақлиётӣ, дар Душанбе нуқтаҳои фурӯши Citycard гузошта мешаванд.

«Алҳол 60-то чунин нуқтаи махсуси фурӯш ташкил хоҳад шуд, ки тариқи онҳо дар истгоҳ метавон корт харидорӣ намуд. Соҳиби корт маблағи онро бо ёрии телефон ё терминали махсус зиёд карда метавонад. Сайёҳон аз ронанда ё назоратчӣ барои равуои якдафъаина ё седафъаина корт харида метавонанд. То пурра ҷорӣ шудани низом, мо аз назоратчиён даст намекашем. Ғайр аз ин, дар марҳилаи аввал онҳо ба мусофирон тарзи истифодаи кортҳоро меомӯзонанд», – иттилоъ дод Улуғбек Каримов.

Номбурда изҳор намуд, ки дар нақлиёти ҷамъиятӣ турникетҳои махсус ё назоратчӣ нахоҳад буд. «Ҳамааш ба инсофу виҷдони худи мусофирон вогузор мешавад, лекин комиссияи тафтишотии назоратӣ амал хоҳад кард, ки мусофиронро месанҷад ва касоне, ки роҳкиро пардохт намекунанд, ҷаримабандӣ мешаванд», – гуфт ӯ.

Таҳиягарони лоиҳа мегӯянд, шаш тарифи гуногуни корти ягонаи нақлиётӣ амал карда, мусофир дилхоҳ тарифи барояш қулай ва бароҳатро интихоб мекунад ва ҳамаи ин ҳоло мавриди коркарду таҳия қарор дорад.

«Гузаштан ба низоми автоматии пардохт ва назорати роҳкиро дар нақлиёти мусофирбари пойтахт дар се марҳида амалӣ шуда, алҳол марҳилаи аввал ба итмом расид. Марҳилаи дуюм мавриди коркарду таҳия қарор дошта, анҷоми марҳилаи сеюм охири сол дар назар аст», – афзуд Қурбон Саидзода.

Мақомоти шаҳрдорӣ барои нафақахӯрон ва афроди дорои имкониятҳои маҳдуд ҷорӣ кардани кортҳои имтиёзнокро дар назар дорад.

Ба саволи журналистон дар бораи Citycard номгузорӣ шудани корт ва аз номи «Корти шаҳрӣ» даст кашидан, Улуғбек Каримов шарҳ дод, ки ин барои меҳмонони хориҷӣ осонтар мешавад.

«Дар Тоҷикистон Кумитаи алоҳидаи рушди сайёҳӣ таъсис ёфта, минбаъд ҷалби ҳарчи бештари сайёҳон ба кишвар ба нақша гирифта шудааст ва мутаносибан ҷорӣ кардани калимаи хориҷӣ мувофиқи мақсад мебошад, то ки ба меҳмонон фаҳмотар бошад», – афзуд директори лоиҳа.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Давоми 3 моҳ Тоҷикистон чӣ ва чӣ қадар хариду фурӯхт?

Ҳаҷми савдои хориҷии ҷумҳурӣ ба андозаи 21% афзуд.

Дастаи футболи наврасони Тоҷикистон бо шикасти Мянмар ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт

Дастаи мунтахаби наврасони то 17-солаи Тоҷикистон дар даври дуюми марҳилаи гурӯҳии Ҷоми Осиё-2026 ҳамсолони худ аз Мянмарро бо натиҷаи 1:0 шикаст доданд.

Рақибони дастаи футболи Тоҷикистон дар Ҷоми Осиё муайян шуданд

Ҷоми Осиё-2027 аз 7-уми январ то 5-уми феврали соли оянда дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон ба Чин сафар мекунад

Зимни ин сафар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла энергетика, “иқтисоди сабз” ва фанновариҳои рақамӣ" баррасӣ хоҳанд шуд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 майи соли 2026

Аз таъсиси Консерваторияи миллӣ то зодрӯзи Ҳошим Гадову Абдулмаҷид Достиев.

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.