Шартнома надорӣ – ба истирдод омода шав. ВКД Русия дар ин бора қонун таҳия кард

Вазорати корҳои дохилии Русия санадеро таҳия намуд, ки дар он манъи ҷалби хориҷиён ба кор бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шудааст. Хабаргузории РБК менависад, ВКД лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро омода намуда, ба он илова кардани меъёрҳои манъкунандаи ҷалби хориҷиёни ба Русия воридшударо ба кор бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ бо онҳо […]

Вазорати корҳои дохилии Русия санадеро таҳия намуд, ки дар он манъи ҷалби хориҷиён ба кор бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шудааст.

Хабаргузории РБК менависад, ВКД лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекс дар бораи ҳуқуқвайронкунии маъмуриро омода намуда, ба он илова кардани меъёрҳои манъкунандаи ҷалби хориҷиёни ба Русия воридшударо ба кор бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ бо онҳо ё шартномаи шаҳрвандӣ-ҳуқуқӣ барои иҷрои кор пешниҳод кардааст.

Мувофиқи лоиҳаи санад, барои риоя нашудани ин меъёр ба шахсони воқеӣ – то 5 ҳазор рубл ва мансабдорон – то 50 ҳазор рубл ҷарима пешбинӣ шуда, ширкатҳо метавонанд натанҳо то 800 ҳазор рубл ҷарима шаванд, балки корашон ба муҳлати то 3 моҳ боздошта шавад.

Ба шахсони хориҷиён ё нафарони бешаҳрвандиро ба кор ҷалбкарда, ки замони вурудашон ба Русия ба кор омаданашонро зикр накардаанд, низ ба ҳамин монанд ҷазо пешбинӣ шудааст.

Тағйир ба моддаи дигар ҷорӣ шудани ҷарима (то 5 ҳазор рубл) барои худи хориҷиёнро дар назар дорад, ки бидуни имзои шартномаи меҳнатӣ ё қарордоди паймонкорӣ ба кор машғул мешаванд. Ҷазои иловагӣ барои қонуншиканони ин меъёр метавонад хориҷкунии маъмурӣ аз қаламрави Русия шавад.

Зарурати қабули қонуни навро дар ВКД ба талаботи такмили назорат аз болои иҷрои муқаррароти Шартнома дар бораи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) нисбат медиҳанд. Айни замон барои шаҳрвандони кишварҳои узви ИИАО (Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон) барои кор дар Русия иҷозатномаи махсус лозим нест, вале барои ҳузури тӯлонӣ дар кишвар ба ҳар ҳол мавҷуд будани шартномаи меҳнатӣ зарур дониста мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.