Ширкати «Сомон Эйр» ба узвияти IATA пазируфта шуд

Date:

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» нахустин шуда дар Тоҷикистон ва сеюмин дар минтақаи Осиёи Марказӣ сертификати узвияти IATA – Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоиро гирифт.

Сертификати мазкур барои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи октябри соли 2016 муваффақона аз аудити ИКАО гузаштааст, дастгирии воқеӣ мебошад.

Томас В. Ҳаллам II, Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар робита бо ин рӯйдоди муҳим изҳор доштааст:

«Мо бо ин дастоварди деринтизорамон мефахрем. Узвият дар IATA марҳалаи навест дар таърихи музаффариятҳои ширкати «Сомон Эйр» ва куллан Авиатсияи граждании Тоҷикистон. Узвият дар ин ассотсиатсияи бонуфузи байналмилалӣ бешак ба тақвияти мавқеи ширкати ҳавопаймоии мо ҳамчун интиқолдиҳандаи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат намуда барои истифодаи таҷрибаи интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбар, ҷорӣ намудани технологияҳои нав ва намудҳои нави хизматрасони, ҳамзамон баланд бардоштани стандартҳои фаъолияти оперативӣ ва осон кардани тартиби бастани созишномаҳо имконият фароҳам меорад ва дар ниҳоят афзалиятҳои ҷиддии рақобат ва кам кардани хароҷотро пешбинӣ менамояд».

Яке аз бартариятҳои асосии узвияти ширкати «Сомон Эйр» дар IATA – имкони бастани қарордодҳои интерлайн ва код-шеринг бо интиқолдиҳандагони ҳавоии пешбари байналмилалӣ хоҳад буд. Ин ба ширкат интиқоли мусофирон ва бағоҷро ба тамоми самтҳои зарурии берун аз доираи хатсайрҳои «Сомон Эйр» имкон медиҳад.

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ IATA – ассотсиатсияи ихтисосии ширкатҳои ҳавопаймоии иҷрокунандаи хатсайрҳои байналмилалӣ буда, вазифаи ҳамоҳангсозӣ ва намояндагии манфиатҳои соҳаи нақлиёти ҳавоиро дар бахшҳои таъмини бехатарии парвозҳо, иҷрои парвозҳо, хизматрасонии техникӣ, бехатарии авиатсионӣ ва тарҳрезии стандартҳои байналмилалӣ анҷом медиҳад. Айни замон 275 ширкати ҳавопаймоӣ аз 119 давлати ҷаҳон аъзои IATA мебошанд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» феълан парвозҳоро аз Тоҷикистон ба Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия ва Қазоқистон бомуваффақият иҷро мекунад. Пойгоҳи ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Қарзи давлатии Тоҷикистон давоми соли гузашта 100 млн доллар камтар шуд

Қарзи давлатии Тоҷикистон то 1 январи соли равон 3,5...

Дар Тоҷикистон барои фурӯши сабикаи тилло дастгоҳҳои худкор насб мекунанд

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба нақша гирифтааст, ки давоми...

1 млрд доллар камтар. Чаро гардиши мол байни Тоҷикистону Қазоқистон кам шуд?

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва...