Тағйири вақти оғози дарс мушкили нақлиёти ҷамъиятии пойтахтро ҳал мекунад?

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Ин дафъа оғози дарсҳо соати 9-и субҳ пешниҳод мешавад. Ба иттилои як манбаъ аз корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон», субҳу шом дар «соатҳои доғ» (час пик) дар як вақт наздики 108 ҳазор нафар ба кӯчаҳо […]

Asia-Plus

Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо пешниҳоди тағйири вақти оғози дарсҳо дар мактабҳои олӣ ва муассисаҳои касбӣ-техникии пойтахт ба ҳукумати ҷумҳурӣ муроҷиат карданист. Ин дафъа оғози дарсҳо соати 9-и субҳ пешниҳод мешавад.

Ба иттилои як манбаъ аз корхонаи «Душанбенақлиётхадамотрасон», субҳу шом дар «соатҳои доғ» (час пик) дар як вақт наздики 108 ҳазор нафар ба кӯчаҳо мебароянд ва бо роҳи афзудани шумори нақлиёт тағйири ин ҳолат ғайриимкон мебошад.

«Агар шумори нақлиёт зиёд шавад ҳам, аз танбашавии он ҷои гурез нест ва масофае, ки барои тай кардани он 25-30 дақиқа лозим аст, беш аз 1 соат вақтро мегирад, – мегӯяд ӯ. – Аз ин рӯ, мо пешниҳод дорем, ки вақти оғози дарсҳо ба соати 9-и субҳ тағйир дода шавад. Албатта, ин ҳам мушкилотро пурра ҳал намекунад, вале ба ҳар ҳол, вақти субҳ сарбории нақлиёти ҷамъиятӣ каме сабуктар мешавад».

Бино ба маълумоти корхонаи мазкур, ҳамарӯза ба кӯчаҳои шаҳр ба ҳисоби миёна ҳудуди 3 ҳазор адад нақлиёти ҷамъиятӣ ба хизматрасонӣ сафарбар мешавад. Дар пойтахт 86 хати ҳаракати нақлиёти ҷамъиятӣ амал мекунад, ки 563 хати он микроавтобус, 16 – автобус ва 7 – троллейбус мебошад.

Рӯзи 14 сентябр дар ин хатсайрҳо 167 автобус, 71 троллейбус ва 2 ҳазору 206 микроавтобус хизматрасонӣ кардааст, ки ба ақидаи мутахассисон, ин шумори нақлиёти ҷамъиятӣ барои пойтахт кофӣ аст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.