Парлумон: ба ҷарима барои ҳиҷобпӯшӣ дар Тоҷикистон ҳуқуқ надоранд

Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ба бар кардани сарулибоси бегона ҷарима пешбинӣ нашудааст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз парлумони Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуданд, амали бархе аз намояндагони ҳокимяти давлатӣ, ки имрӯз ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб бо ҷаримаи калон таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ аст. Мувофиқи меъёрҳои охири моҳи август қабулшуда ба қонун «Дар бораи танзими анъана […]

Дар қонунгузории Тоҷикистон барои ба бар кардани сарулибоси бегона ҷарима пешбинӣ нашудааст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз парлумони Тоҷикистон дар ин робита изҳор намуданд, амали бархе аз намояндагони ҳокимяти давлатӣ, ки имрӯз ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб бо ҷаримаи калон таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ аст.

Мувофиқи меъёрҳои охири моҳи август қабулшуда ба қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон», шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ ҷиҳати эҳтиром гузоштан ба асосҳои фарҳанги миллӣ, аз ҷумла забони давлатӣ ва либоси миллӣ, ҳамчунин ҳимояи онҳо аз таъсири падидаҳои муосири манфӣ уҳдадор мешаванд.

«Меъёри мазкур шаҳрвандонро ба риояи ин талабот уҳдадор мекунад, вале барои риоя накардани онҳо дар қонунгузорӣ ҷарима пешбинӣ нашудааст», – хабар дод ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз палатаи поёнии парлумон.

Ба гуфтаи ӯ, рафтори бархе аз намояндагони ҳокимияти давлатӣ, ки ба занон барои пӯшидани ҳиҷоб ё шимҳои ҷинси дарида бо ҷаримаи зиёд таҳдид мекунанд, ғайриқонунӣ мебошад.

Номбурда таъкид дошт, ки худи намояндагони ҳокимият бояд байни мафҳуми «уҳдадорӣ» ва «масъулият» фарқ гузоранд, зеро барои уҳдадорӣ ҷарима пешбинӣ намешавад.

«Замони шӯравӣ моро ба дӯст доштани Ватан даъват мекарданд, вале ин танҳо даъвати ватандӯстӣ буд, касеро барои кам дӯст доштани ватан ҷарима намекарданд»,- таъкид дошт намояндаи парлумон.

Зимнан зикр гардид, ки ҷаримаҳои дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ пешбинишуда танҳо ба меъёрҳои манъшудаи қонуни танзими анъана дахл доранд.

«Агар қонунгузорӣ дар мавриди маросими тӯйу азодорӣ ё дигар чорабиниҳо риоя нашуда бошад, ҷарима пешбинӣ шудааст, вале дар қонун манъи пӯшидани ягон либос вуҷуд надорад, аз ин рӯ ба ҷаримабандӣ барои ҳиҷобпӯшӣ касе ҳуқуқ надорад», – афзуд манбаъ.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.