ВКД: Дарёфти хоҳарони оворагарди дар Душанбе гумшуда

Date:

Кормандони милитсия хоҳарон Ашӯроваҳоро, ки рӯзи 12 сентябр бедарак шуда буданд, дарёфт намуданд. Онҳо ба оворагардӣ машғул будаанд.

Бино ба маълумоти ВКД Тоҷикистон, хоҳарони ноболиғ – Анисаи 16-сола ва Мадина Ашӯроваи 13-сола баъди 4 рӯзи гум шуданашон аз ҷониби кормнадони милитсия дарёфт шуда, ба олидонашон баргардонида шуданд.

Тибқи маълумоти ВКД, духтарон дар қаламрави шаҳри Душанбе дарёфт шуда, ба оворагардӣ машғул будаанд.

Ёдрас мекунем, ки хоҳарон Ашӯроваҳо рӯзи сешанбеи ҳафтаи гузашта дар қаламрави ноҳияи Шоҳмасгури пойтахт бедарак шуда буданд. Ба гуфтаи падари духтарон, нимаи рӯзи 12 сентябр онҳо аз хона баромада гуфтаанд, ки ба мактаби №36 мераванд, вале бо ҳамин дигар барнагаштаанд.

Қобили зикр аст, ки Мадина дар синфи 7-ум хонда, ӯ худаш ҳар рӯз мустақилона ба мактаб мерафтааст, вале он рӯз Аниса низ барои гусел ба хоҳараш ҳамроҳ шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

“Овозаи маргаш ду моҳ пеш паҳн шуд”. Ҷасади боз як ҷавони тоҷикро аз ҷанги Русия дар Украина оварданд

Тани беҷони Кароматулло Одинаев, як ҷавони 26-солаи тоҷик, ки...

Боздошти як қочоқбар дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон

Дар пайи як амалиёти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар марзи Тоҷикистон...

“Баъди ду рӯзи бедаракшавӣ ҷасадашро аз дарё ёфтанд”. Ҷузъиёти марги мармузи Ёсинҷони 14-сола дар Исфара

Мақомот дар Исфара марги мармузи Ёсинҷони 14-соларо, ки ҷасади...