Вазифаи сардори фавтидаи фурудгоҳи Хоруғро писараш ба уҳда гирифт

Ба писари собиқ сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоев, ки рӯзи 13 сентябр зимни гусели президент фавтид, иҷрои вазифаи падар вогузор шуд. Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шуҳрат Мақсудшов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ таъин шудааст. Бино ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ба писари собиқ сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Дилдор Мақсудшоев, ки рӯзи 13 сентябр зимни гусели президент фавтид, иҷрои вазифаи падар вогузор шуд.

Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки Шуҳрат Мақсудшов муваққатан иҷрокунандаи вазифаи сардори фурудгоҳи шаҳри Хоруғ таъин шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, фурудгоҳи шаҳри Хоруғ ба сохтори фурудгоҳи пойтахт дохил аст.

Ба гуфтаи манбаи «Азия-Плюс» дар ШВКД ноҳияи Дарвоз, ҳангоми боло шудани чархбол Дилдор Мақсудшоев дар масофаи хеле наздик ба он қарор дошта, шамоли сахти парраҳои чархбол ӯро ба гилем мепечонад. Сипас ин шамол гилемро ҳамроҳ бо сардори фурудгоҳ ба болои санги калони паҳлӯ меафканад. Аз ҷароҳатҳои бархӯрд ба санг Дилдор Мақсудшоев дар роҳ ба бемористон фавтид.

Як рӯз баъд раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода изҳор дошт, ки ин ҳодиса ба гусели президент ҳеҷ рабте надошта, сардори фурудгоҳ аз бемории қалб фавтидааст.

«Ба маълумотатон мерасонам, ки Дилдор Мақсудшоев кайҳо боз аз бемории дил азият мекашид ва ду бор ба бемории сактаи қалб гирифтор шуда буд. Қаблан сарпӯшак (клапан)-и дили ӯро иваз карда буданд. Аз ин рӯ, даргузашти ӯ ба сафари Сарвари давлат ҳеҷ муносибате надорад», – гуфт ба журналистон раиси ноҳияи Дарвоз.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио