Ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон 2,3 млрд. долларро ташкил дод

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 2 млрд. 362 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 % ё худ 182 млн. доллар камтар аст. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 610 млн. доллар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар 8 моҳи соли ҷорӣ каме бештар аз 2 млрд. 362 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7,2 % ё худ 182 млн. доллар камтар аст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, ҳаҷми содироти мол дар ин давра ба 610 млн. доллар баробар шудааст, ки дар муқоиса бо моҳҳои январ-августи соли гузашта ба андозаи 3,6% (21 млн. доллар) зиёдтар мебошад.

Аз хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 1,7 млрд. доллар маҳсулот ворид шудааст, ки дар қиёс бо ҳамин давраи соли гузашта 3,6% (204 млн. доллар) камтар аст. Нисбатан ба таври назаррас кам шудани маҳсулоти ғизойӣ, воридоти мошин ва таҷҳизот, металлҳои арзон, маҳсулоти растанӣ, маҳсулоти саноати кимиё ва асбобу лавозимоти тиббӣ қайд шудааст.

Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия ва Қазоқистон шуморида шуда, давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳаҷми муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Русия беш аз 595 млн. долларро ташкил додааст, ки нисбат ба нишондиҳандаи ҳамин давраи соли пешин 9,7% камтар аст.

Ҳаҷми муомилоти мол бо Қазоқистон дар ин давра беш аз 525 млн. долларро ташкил дода, дар муқоиса бо соли пешин қариб 30% афзудааст.

Дар ҳамин ҳол, аз оғози соли ҳаҷми муомилоти мол байни Тоҷикистону Чин ба миқдори 38% поин рафта, ҳудуди 381 млн. долларро ташкил додааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.

Ду ҷудокори тоҷик дар садри радабандии ҷаҳонӣ қарор гирифтанд

Мавқеи паҳлавонони дигари тоҷик дар радабандии ҷаҳонии ҷудо.