Эмомалӣ Раҳмон раҳбарияти КДАМ Тоҷикистонро иваз кард

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ тағйирот кадрӣ сурат гирифт. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, тибқи қарорҳои ҳукумат бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати ҶТ, Раҳмон Акрам Амонов бо сабаби ба нафақа баромадан, Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан […]

Asia-Plus

Бо қарорҳои ҳукумати Тоҷикистон дар ҳайати роҳбарӣ ва воҳидҳои сохтории Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ тағйирот кадрӣ сурат гирифт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, тибқи қарорҳои ҳукумат бо имзои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳукумати ҶТ, Раҳмон Акрам Амонов бо сабаби ба нафақа баромадан, Сӯҳроб Паноев ва Фарҳод Воҳидов бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовинони раиси КДАМ озод карда шуданд.

Бо дигар қарорҳои ҳукумат, Зубайдулло Алихонов, Нусратулло Мирзоев ва Алишер Мирзонаботов муовинони нави раиси КДАМ Тоҷикистон таъин шуданд.

Гуфта мешавад, тағйироти кадрӣ ҳамчунин дар раёсатҳо ва воҳидҳои сохтории КДАМ Тоҷикистон дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Суғд ва шаҳри Душанбе низ амалӣ гардид.

Ғайр аз ин, бо қарорҳои ҳукумати ҶТ Ҷумъахон Ғиёсов аз вазифаи муовини якуми раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ озод гардида, ба ҷойи ӯ Амирбек Бегназаров ба ин вазифа таъин шуд.

Ҳамчунин санаи 26 сентябр дар сомонаи расмии Сарвари давлат қарори ҳукумат дар бораи аз вазифа озод кардани сардори Саридораи геологияи назди ҳукумати ҶТ Ҷумъазода Мурод Хол нашр шуд. Ба ин вазифа Заробиддин Қудрат Файзуллозода таъин шудааст, ки қаблан дар мансаби масъули бахши саноати вилояти Суғд кор мекард.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.