Ҳавопаймоҳои «ВИМ-Авиа»-и муфлисшуда ба Қӯрғонтеппа намеоянд

Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-Авиа» парвози ҳавопаймоҳояшро ба ҳамаи хатсайрҳои Маскав – Қӯрғонтеппа – Маскав, ки аз моҳи октябри соли равон пешбинӣ шуда буд, бекор кард. Қобили зикр аст, ки фурӯши билетҳо ба ин хатсайр оғоз гардида, лекин дар робита ба мушкилот дучор гардидани ширкати «ВИМ-Авиа», фурӯши он боздошта шуд. Хабарнигори «Азия-Плюс» аз 15 нуқтаи фурӯши […]

Cайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Ширкати ҳавопаймоии русиягии «ВИМ-Авиа» парвози ҳавопаймоҳояшро ба ҳамаи хатсайрҳои Маскав – Қӯрғонтеппа – Маскав, ки аз моҳи октябри соли равон пешбинӣ шуда буд, бекор кард.

Қобили зикр аст, ки фурӯши билетҳо ба ин хатсайр оғоз гардида, лекин дар робита ба мушкилот дучор гардидани ширкати «ВИМ-Авиа», фурӯши он боздошта шуд.

Хабарнигори «Азия-Плюс» аз 15 нуқтаи фурӯши билетҳои ҳавопаймоии шаҳри Қӯрғонтеппа боздид намуда, маълум шуд, ки фурӯши билетро онҳо аз 25 сентябр боздоштаанд, зеро маҳз ҳамин рӯз ширкат изҳор намуд, ки барои идомаи фаъолияти худ дигар маблағу восита надорад.

Танҳо дар ду нуқтаи фурӯш хабар доданд, ки онҳо ба санаи 2 октябр ба ин хатсайр якчанд билет фурӯхтаанд. Арзиши билетҳои фурӯхташуда 2200-2300 сомониро ташкил дода, вале дар нуқтаҳои фурӯш гуфтанд, мусофирони билетҳоро дастраскарда аллакай онҳоро баргардонида, пулашонро бозпас гирифтаанд.

Дарёфти намояндагони ширкати ҳавопаймоии русиягӣ дар Қурғонтеппа муяссар нашуд. Сардори фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа низ аз шарҳи масъалаи мазкур худдорӣ варзид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио

Хонандагону донишҷӯён дар Тоҷикистон кай ба таътили тобистона мебароянд?

Аз Вазорати маориф гуфтанд, имсол ҳам дар мактабҳо “Занги охир” таҷлил намешаад.