Дар пойтахти Тоҷикистон, ки то имрӯз обуҳавои тобистона ҳукмфармо аст, пагоҳ борони шадид ва раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво рӯзона то 23 ва шабона то 9 дараҷа поин рафта, имрӯз ҳарорати миёна дар пойтахт 27 дараҷа гарм аст.
Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 29-30 сентябр дар саросари ҷумҳурӣ босуръат тағйирёбии обуҳаво дар назар буда, рӯзи ҷумъа дар минтақаи марказӣ ва ҷанубии кишвар бо пурзӯр шудани суръати вазиши шамол, фаромадани чангу ғубор пешбинӣ шудааст.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ борону раъду барқ, дар вилояти Суғд – дар водиҳо борону дар доманкӯҳҳо барфу борон ва раъду барқ пешбинӣ гардида, поинравии ҳарорат рӯзона 10-15 дараҷа ва дар доманкӯҳҳо то 3 дараҷа гарм пешгӯӣ мешавад.
Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон аз пурзӯр шудани суръати вазиши шамол аз самти шимолу ғарбӣ то 15-20 метр дар як сония интизорӣ рафта, дар қаламрави ВМКБ боронҳои кӯтоҳмуддат дар назар дошта шудааст.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.


