Эмомалӣ Раҳмон ба захираи маводи сухту озуқаворӣ дастур дод

Дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар м Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ […]

Asia-Plus

Дар Қасри миллат таҳти раёсати Президенти Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати кишвар м Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар кори маҷлис нахуст “Дар бораи Низомномаи мақомоти маҳалли меъморӣ ва шаҳрсозӣ” гузориши Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон ва “Дар бораи Барномаи давлатии амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ – коммуникатсионӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022” гузориши Вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ шунида шуд.

Дар бораи Нақшаи генералии шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд ва Дар бораи  Нақшаи генералии деҳаи Айнӣ – маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд раисони шаҳру ноҳияи номбаршуда ҳисобот доданд. Таъкид гардид, ки Нақшаи генералии шаҳри Панҷакент ва Нақшаи генералии деҳаи Айнӣ – маркази ноҳияи Айнии вилояти Суғд бо мақсади муайян кардани стратегияи рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва ҳудуди маҳалҳои номбаршуда, таҳия шудааст.

Дар кори маҷлис лоиҳаҳои як қатор қонунҳо муҳокима гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ пешниҳод карда шуд. Ҳамчунин барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ ҳамчунин 6 хулосаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ пешниҳод гардид.

Дар бораи пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Варзоб дар хусуси ба категорияи деҳа мансуб донистани маҳали аҳолинишини Работи деҳоти Варзоб-Қалъаи ноҳияи Варзоб, Дар бораи Низомномаи Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Дар бораи Барномаи рушди кинои Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  солҳои  2018-2022, Дар бораи Талаботи умумӣ ба тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кормандон дар ташкилотҳои давлатӣ аз масъалаҳои дигари рӯзномаи маҷлис буд, ки вобаста ба татбиқи онҳо қарорҳои дахлдор қабул карда шуд.

Дар охири кори маҷлис Президенти мамлакат ба аъзои Ҳукумати ҷумҳурӣ, роҳбарони вазорату кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ барои иҷрои ҳатмии масъалаҳои дар маҷлис баррасишуда, инчунин вобаста ба омодагии ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ ва ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон ба давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2017-2018, захираи маводи сухту озуқаворӣ ва сабзавот дар ҳама шаҳру ноҳияҳо, рушди бахши энергетика, таъмини муназзами гармӣ ва неруи барқ ба аҳолӣ ва дигар истеъмолкунандагон, тезонидани суръат ва ҷамъоварии беталафи ҳосил, зиёд кардани майдони кишти сабзавоту ғалладонагӣ, истеҳсоли молу маҳсулоти воридотивазкунанда ва содироти он супоришҳои мушаххас доданд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио