Тасдиқи номзадии сафири нави ИМА дар Русия дар Сенат

Сенати ИМА номзадии Ҷон Хантсманро ба мақоми сафири Амрико дар Русия тасдиқ кард. Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, губернатори пешини иёлати Юта, ҷумҳурихоҳ Ҷон Хантсман ҳанӯз дар моҳи март сафир таъйин шуда буд. Кохи сафед то ҳанӯз номзадии ӯро барои дарёфти ризоият ба Сенат намефиристод. Кохи сафед то кунун мунтазири тасдиқи номзадии […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Сенати ИМА номзадии Ҷон Хантсманро ба мақоми сафири Амрико дар Русия тасдиқ кард.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, губернатори пешини иёлати Юта, ҷумҳурихоҳ Ҷон Хантсман ҳанӯз дар моҳи март сафир таъйин шуда буд. Кохи сафед то ҳанӯз номзадии ӯро барои дарёфти ризоият ба Сенат намефиристод.

Кохи сафед то кунун мунтазири тасдиқи номзадии вай аз сӯи Москва буд. Тасдиқи дуҷониба аз сафирони нав – сафири Русия дар ИМА Анатолий Антонов ва Ҷон Хантсман дар мулоқоти моҳи июли президенти ИМА Доналд Трамп бо ҳамтои русаш Владимир Путин дар саммити "Бистгонаи бузург" дар Ҳамбурги Олмон сурат гирифт.

Баъдтар дар ҷаласаи Сенат Хантсман сиёсатҳои Москваро яке аз хатарҳои асосӣ дар сиёсати хориҷии ИМА номид. Ба гуфтаи вай, Русия ба таҳдиди амнияту суботи Аврупо, дахолат кардан ба истиқлоли кишварҳои ҳамсояаш идома медиҳад.

Хантсман ҳамчунин гуфт, ки Москва "бидуни шубҳа" дар интихоботи президентии ИМА дар соли 2016 дахолат кардааст. Вай илова кард, омодааст ин масъаларо бо мақомоти Русия баррасӣ кунад. Кремл дахолат дар интихоботро рад мекунад.

Хантсман дар гузашта ИМА-ро дар Сингапур ва Чин сафирӣ мекард. Соли 2012 вай барои курсии президентӣ мубориза бурд. Хонаводаи Хантсман соҳиби корхонаи азими кимиёвӣ аст, ки дар Русия манфиатҳои молӣ дорад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио